Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Немисҳо

Немисҳо

Немисҳо (худ Deutsche гӯянд), аҳолии асосии РДГ (тақрибан 16,7 миллион нафар, 1978), РФГ (56 миллион) ва Берли­ни Ғарбӣ (1760 ҳазор). Тақрибан 12 миллион Немисҳо дар чанде аз мамлакатҳои Европа, СССР (1936 ҳазор, 1979), ШМА, Кана­да, мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ, Австралия, Африкаи Ҷанубӣ ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Ба эабони немисӣ гап мезананд. Дар Республикаи Демократии Германия диндорон ба мазҳаби лютеранӣ ва дар Республикаи Федератии Германия ба лютеранӣ ва католикӣ эътиқод доранд.

Дар охири ҳазораи 1 то м. ва асрҳои аввали милод қабилаҳои қадимаи германӣ (нигаред Германиҳо) бо қисми аҳолии қадимтарини территорияи Германия келтҳо ва ретҳо омехта шуданд. Истилои римиҳо ба инкишофи ма­данияти германиҳои соҳилҳои Рейн таъсир расонида, барҳам хӯрдани муносибатҳои ҷамоаи ибтидоиро те­зонид. Асоси этникии Немисҳоро дар ҳазораи 1 м. иттифоқи қабилаҳои франкҳо, саксҳо, баварҳо, алемавиҳо, тюрингҳо ва ғайра ташкил додаанд. Баъзе унсурҳои муттадидии Немисҳо ҳанӯз дар асри 10 мушоҳида шуда, истилоҳҳои «teutoni», «teuionicus»,«тевтонҳо»), Lingua teodisca — забони халқӣ (тевтонӣ) пайдо шуданд, ки аз ташаккули шуури миллӣ шаҳодат медиҳад.

Ба ташаккули миллати Немисҳо парокандагии феодалӣ ва иқтисодии мамлакат, ки то асри 19 давом кард, монеъ шуд. Муттаҳидшавии Немисҳо соли 1871 дар таҳти роҳбарии Пруссия ба амал омад ва миллати немис асосан ташаккул ёфт. Соли 1949 дар натиҷаи дар собиқ территорияи Германия ташкил ёфтани ду давлат аҳолии онҳо ба ду роҳи мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ ва маданӣ қадам ниҳоданд. Дар Республикаи Демократии Германия миллати сотсиалистии немис инкишоф меёбад. Нигаред низ Германия, Республикаи Демократии Германия, Республикаи Федеративии Германия.

Адабиёт: Народы Зарубежной Европы, том1 Москва. 1964.

Инчунин кобед

khuroka-10

Хӯрокҳои узбекӣ

Ошхонаи ӯзбекӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон хеле фарқ мекунад. Палав ва хӯрокҳои орд барои минтақаҳои …