Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Немисхо

Немисхо

Немисхо (худ Deutsche гуянд), ахолии асосии РДГ (такрибан 16,7 миллион нафар, 1978), РФГ (56 миллион) ва Берли­ни Гарби (1760 хазор). Такрибан 12 миллион Немисхо дар чанде аз мамлакатхои Европа, СССР (1936 хазор, 1979), ШМА, Кана­да, мамлакатхои Америкаи Лотини, Австралия, Африкаи Чануби ва гайра зиндаги мекунанд. Ба эабони немиси гап мезананд. Дар Республикаи Демократии Германия диндорон ба мазхаби лютерани ва дар Республикаи Федератии Германия ба лютерани ва католики эътикод доранд.

Дар охири хазораи 1 то м. ва асрхои аввали милод кабилахои кадимаи германи (нигаред Германихо) бо кисми ахолии кадимтарини территорияи Германия келтхо ва ретхо омехта шуданд. Истилои римихо ба инкишофи ма­данияти германихои сохилхои Рейн таъсир расонида, бархам хурдани муносибатхои чамоаи ибтидоиро те­зонид. Асоси этникии Немисхоро дар хазораи 1 м. иттифоки кабилахои франкхо, саксхо, бавархо, алемавихо, тюрингхо ва гайра ташкил додаанд. Баъзе унсурхои муттадидии Немисхо хануз дар асри 10 мушохида шуда, истилоххои «teutoni», «teuionicus»,«тевтонхо»), Lingua teodisca — забони халки (тевтони) пайдо шуданд, ки аз ташаккули шуури милли шаходат медихад.

Ба ташаккули миллати Немисхо парокандагии феодали ва иктисодии мамлакат, ки то асри 19 давом кард, монеъ шуд. Муттахидшавии Немисхо соли 1871 дар тахти рохбарии Пруссия ба амал омад ва миллати немис асосан ташаккул ёфт. Соли 1949 дар натичаи дар собик территорияи Германия ташкил ёфтани ду давлат ахолии онхо ба ду рохи мухталифи ичтимоию иктисоди ва мадани кадам ниходанд. Дар Республикаи Демократии Германия миллати сотсиалистии немис инкишоф меёбад. Нигаред низ Германия, Республикаи Демократии Германия, Республикаи Федеративии Германия.

Адабиёт: Народы Зарубежной Европы, том1 Москва. 1964.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …