Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нематодаҳо

Нематодаҳо

Нематодаҳо (Nematoda), лӯндакирмҳо, синфи кирмҳо аз типи нахустковокҳо. Қариб 500 ҳазор намудашон дар тамоми дунё паҳн шудаанд. Дарозии танашон аз якчанд ҳиссаи мм то 8,5 метр мешавад.

Нематодаҳо, Нематодаҳои ғайрипаразит: 1 — Mononchus раpillatus (дарраяда); 2—Steinerla mirabllis. Паразити ҳайвонот ва одам; 9 — Tetrameres sp. (а — модина, б — нарина); 4 — Trichocep- halus trichlurus. Паразити рас­та н и ҳо— Meloldogyne sp. (нематодаи бузғунҷи решагии сабзавот).

Шакли баданашон хеле гуногун (дукшакл, ришташакл ё курашакл) аст. Танаи Нематоҳо  аз берун бо кутикулаи ҳалқашакл ё суфтаи мӯякдор пӯшида шудааст. Дар зери кутикулаи эпителии якқабата гиподерма ва дар зери гиподерма бошад, мушакҳои соматӣ мавҷуд аст. Рӯдаи Нематодаҳо шакли устувонаро дорад (дар баъзе намудҳояшон тахфиф шудааст). Системаи асабашон аз ҳалқаи наздигулу ва 6 танаи асаб иборат аст. Системаҳои нафасу гардиши хун надоранд. Нематодаҳо одатан ҷудоҷинса буда, фақат баъзе намудашон хунасо мебошанд. Нематодаҳои нарина аз Нематодаҳои модина хурдтар мешаванд. Барои баъзе Нематодаҳо диморфизми ҷинсӣ хос аст.

Дар Нематодаҳои авлоди Syngamus (паразитҳои трахеяи паррандаҳо) нарина ба модина часпидааст. Дар баъзе Нематодаҳои дигар бошад (масалан, Trichosomoides crassi cauda), нарина дар роҳҳои ҷинсии модина зиндагӣ мекунад. Нематодаҳо ҳайвонҳои тухмгузор, баъзан зиндазоянд. Нематодаҳои ғайрипаразит дар хушкӣ, обҳои ширину шӯр озод ҳаёт мегузаронанд. Намудҳои дар растанӣ, ҳайвонот ва одам паразитикунандаи Нематодаҳо низ мавҷуданд. Ғизои Нематодаҳо ғайрипаразит бактерияҳо, обсабзҳо, детрит ва ғайра мебошанд. Дар байни онҳо Нематодаҳои дарранда низ ҳастанд. Баъзе Нематодаҳо ҳаёти анаэробӣ (бе оксиген) мегузаронанд. Нематодаҳои паразит боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои вазнин (Касалиҳои нематодии рас­таниҳо, Нематодозҳо, Гелъминтозҳо, Трихинеллёз ва ғайра) мегарданд.

Дар Тоҷикистон дар ҳайвонҳои ширхӯр қариб 60 (трихоцефалидҳо, телязияҳо, диктиокаулҳо, онхоцеркҳо ва ғайра), аз ҷумла дар одам қариб 10 (аскаридаҳо, гиҷҷа, мӯяксарҳо, анкилостомаҳо ва ғайра), дар паррандаҳо қариб 200 (спируратҳо, филяриидҳо, оксиуратҳо ва ғайра) ва дар растаниҳо қариб 100 намуди Нематодаҳои пара­зит ба қайд гирифта шудаанд.

Илме, ки Нематодаҳоро меомӯзад, нема­тодология номида мешавад.

Ад: Основы нематодологии, том 1—22, 1949—71; Парамонов А. А., Осно­вы фитогельминтологии, том 1—3, Москва, 1962—70; Шульц Р. С., Гвоздев Е. В., Основы общей гельминтологии, том 1—9, Москва, 1970—76. Л. Ф. Богаренко.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

Лолаарусак

Лолаарӯсак

ЛОЛААРӮСАК (Раpaver rhoeas), як навъ гиёҳи яксола. Пояаш (дарозиаш 5—40 см) ҳамида ва мӯякҳои дурушт …