Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нахлиҳо

Нахлиҳо

Нахлиҳо (Агесасеае ё Palme), оилаи растаниҳои дарахтмонанди якпаллагӣ. 240 ҷинси Нахлиҳо, ки қариб 3400 намудро дарбар мегирад, асо­сан дар тропика ва субтропика паҳн шудааст. Бисьёр намудҳои Нахлиҳо дар Осиё (Индонезия), Африка ва Аме­рикаи Ҷанубӣ, фақат 1 намуди онҳо (Chamac rops) дар Европа (Ис­пания, Франциян Ҷанубӣ) мерӯянд.

Нахлиҳо аксаран шох намеронанд. Қадашон то 60 метр ва қутрашон то 1 метр мешавад. Барги пайдарпаи паршакл (дарозиаш то 15 метр) ё панҷа-панҷа доранд; Дар 5—12 баъзан 30—50- умин соли ҳаёташон гул карда, мева медиҳанд. Нахлиҳо асосан растании якхонагӣ буда, гулҳои якҷинса (баъзан дуҷинса)-и майдаи 3-узва ва ғуҷуммева ё донакмева доранд.

Нахлиҳо аҳамияти калони иқтисодӣ до­рад. Меваи аксари Нахлиҳо (масалан, хурмо­бун) чун хӯрок истифода мешавад. Рафия.

Аз меваи хоми норҷил шири кокос мегиранд. Аз меваи пӯсташ тоза кардашуда равған ва маргарин ҳосил мекунапд. Аp пояи Нахлиҳо нах мегиранд. Дар СССР Нахлиҳоро дар соҳилҳои ҷанубии Қрим ва соҳилҳои баҳри Сиёҳи Кавказ, қисми ғарбии РСС Туркманистон ва ғайра парвариш мекунанд. Нахлиҳоро аз тухм, фарғуч, навдаи решагирифта зиёд мекунанд. Дар РСС Тоҷикистон Нахлиҳо рас­тании таҳҷоӣ набуда, фақат баъзе намудашон чун растании ороишӣ парвариш карда мешаванд.

Адабиёт: Деревья и кустарники СССР, том 2, Москва— Ленинград, 1951; Сааков С. Г., Пальмы и их культура в СССР, Москва—Ленинград, 1954; С и н я г и п И. И., Тропическое земледе­лие, Москва, 1968.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …