Деҳаест дар Совети қишлоқ «40-солагии РСС Тоҷикистон»-и pайони Ленин. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз Навободи Поён то маркази Совети қишлоқ 4 км, то район 20 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 70 нафар (1982), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа, мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоқагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Душанбе обёрӣ мешаванд.