Маълумоти охирин
Главная / Илм / Натурфалсафа

Натурфалсафа

Натурфалсафа (аз лот. natuга —табиат ва фалсафа), фалсафаи табиат, таъбири назарии табиат. Натурфалсафа табиатро ба таври яклухт мавриди тадқиқ қарор медиҳад. Ода- тан барон Натурфалсафа таъбирн ғайритаҷрибӣ ва муҷарради ҳодисаҳои олам хос аст. Дар ибтидо Натурфалсафа барои ташаккули фалсафа роли муҳим бозид ва аз асотиру тахайюлоти мавқум бевосита ба ҷустуҷӯи асоси моддии ҳодисоти олами ҳастӣ кӯшид. Бинобар ин Натурфалсафаро метавон шакли аввалини фалсафа номид. Натурфалсафа муддати зиёде дар таърихи илм бинобар кофӣ набудани таҷрибаҳои илмӣ ва тадқиқи табиат шакли асосии таҳлили наза­рӣ ба ҳисоб мерафт.

Файласуфони қадими Ҳинду Чин ва Юнон фикрҳои ҷолиби диққате баён намуда буданд, ки барои тадқиқу санҷишҳои ояндаи илмӣ тако­ни қавӣ доданд. Масалан, фарзияи Де­мокрит ва Эпикур дар бораи аз атомҳо иборат будани олам дар таъ­рихи фалсафа ва умуман илм, аҳа- мияти бағоят бузургеро молик буд. Ё худ, қабл аз ин, андешаи натурфайласуфони мактаби Милет — Фа­лес, Анаксимандр, Анаксимен бо вуҷуди аз мазмуни асотирӣ озод набудани тахминҳояшон оид ба нахустмодда қимати зиёде дошт, зеро барои дигаргун шудани тасаввуроти космологӣ аз миён ба вуҷуд овард.

Фикрҳои доир ба сохти Коинот, баҳамнайвастагии аҷроми самовӣ ва

ҳамоҳанги» онҳо ҳамчуп сози муси- қй (Пифагор), абадият» Коинот ва замон (Арасту) ва як сил сил а фикр- ҳои бнкри аз тарафи намояндагони фалсафа» табиат дар Юнопи Қаднм пешпиҳодшуда таҳкурсии инкишофи минбаъдаи фалсафа ва табиатшиносӣ гардиданд.

Дар асрҳои миёна дар Шарқи исломӣ дар баробари зинда гардидани афкори безаволи юнониён ва пеш аз ҳама Афлотуну Арасту Натурфалсафа мазмуни амиқтар гирифт. Андешаҳои Зака­риёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалии Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар дар бораи табиат (модда, ҳаракат, замон, макон, нафс, гардиши фалак ва ҳоказо) аз мазмунҳои материалистӣ саршор буданд.

Баробар» инкишофи капитализм дар Европа илмҳои табиӣ равнақ ёфт ва ба онҳо бештар шавқ пайдо гардид. Дар замони Эҳьёи Европа афкори Ҷ. Бруно, Б. Телезно, Т. Кампанелла ва дигар Натурфалсафаро боз рӯҳи тоза бахшид. Ақидаҳои пантеизми натуралистӣ ва гилозоизм инкишоф ёфт. Олимони ин давра ба табиат ҳамчун як узви том назар намуда, принципи айнияти олами кабир ва олами сағирро писандида буданд. Қатъи назар аз боварии табиатши- носон ва олимони ин давр ба ирфон, алхимия ва амсоли ин дар афкори онҳо оид ба инкишоф, муборизаи зидҳо ва ғайра  унсурҳои муҳимми диа­лектикӣ баён гардидаанд.

Дар асрҳои 17—18 дар Европа илмҳои таҷрибии табиатшиносӣ равнақ ёфта, тарзу усули математикию ме­ханикӣ бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Бинобар ин зарурат ба Натурфалсафа ҳамчун усули омӯзиши таби­ат аз байн рафт. Дар асри 19 намояндаи фалсафаи классикии немис Ф. Н. Шеллинг Натурфалсафаро боз ба майдони фалсафа ҷилвагар кард. Шеллинг комёбиҳои илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла кашфиёти Л. Гальвин, А. Вольт, А. Лавуазье, Р. Броун ва дигарро аз назари идеализми объек­тивӣ таҳлилу ҷамъбаст кард. Мувофиқи ақидаи идеалистии Шеллинг зиддияти қутбҳо асоси тафриқаи тавҳиди ибтидоии табиат мебошад, шаклҳои олитарин бошанд ба ҳамон шаклҳои оддӣ ба савияи баланд иртифоъ ёфтаанд. Ин фикрҳо мағзи диалектики дошта, вале ба идеа­лизм ва илоҳиёт асос ёфта буданд. Карл Маркс ва Фридрих Энгельс муваффақият ва норасоиҳои Натурфалсафаро нишон дода, дар асри 19 ба он рӯ оварданро қадаме ба қафо медонистанд, зеро дар ин давра материализми диалектики ба таъбири ҳодисаҳои табиат василаи тавоное шуда, Натурфалсафа дигар аз ӯҳдаи таъбир ва тадқиқу ҷамъбасти кашфиётҳои илмӣ баромада наметавонист.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …