Маълумоти охирин

Наът

Наът (ар. — таъриф, васф, ситоиш), яке аз унсурҳои асари бадеист дар адабиёти классикии форс- тоҷик. Дар адабиёти баъзе халқҳои Шарқ низ мушоҳида мешавад. Аксари шоирону нависандагони гузашта дар аввали маснавӣ, достонҳои лирикии эпикӣ, девонҳои ғазалиёту қасоид, баъзе асарҳои илмию таърихӣ ва ғайра баъди ҳамду муноҷот Наът гуфтаанд. Наътро асосан дар тавсифи пайғамбару ёрони ӯ гуфтаанд. Наът дар шаклҳои маснавӣ, ғаэал, қитъа, қасида офарида шудааст.

Бисёр шоирон ҳамчун асари мустақил Наът эҷод кардаанд. Баъзе қасидаҳои Абдулло­ҳи Ансорӣ, Аттор, Ҳофизи Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ -Наът мебошанд ва аз ин рӯ, дар баъзе асарҳои адабиётшиносӣ Наътро як навъи қасида донистаанд. Дар Наът масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ хеле кам ҷой дошта, он аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа соф динист. Наът фақат аз он ҷиҳат аҳамият дорад, ки бо забони соддаю равон, бо обу ранги бадеӣ суруда шу­да, дар он баъзан фикрҳои панду ахлоқӣ низ ифода меббад.

Адабиёт: Ҳодизода Р., Шукуров М., Абдуҷабборов Т., Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ, Душанбе, 1966.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …