Маълумоти охирин

Намиб

Намиб (Namib), биёбонест дар назди  соҳилҳои ҷанубу ғарбии Африка, асосан дар Намибия. Тӯлаш қариб 2100 км, бараш аз 50 то 130 км. Сатҳаш ҳамвори зина-зина, баландиаш то 1000—1200 м. Қисми шимолиаш санглоху регзор, ҷанубнаш — санглох. Ба туфайли бодҳои хунуки уқёнусӣ ҳарорати ҳавои биёбон доимо паст, зимистон +12, +13° С, тобистон 17—19° С. Боришоти солона камтар аз 100 мм. Сертумав. Биёбонро дарёҳои Кунене ва Норанҷӣ бурида мегузаранд. Дар ҷойҳое, ки обҳои зеризаминӣ на он қадар ҷуқуранд, да- рахтони ақоқиё, сарв ва ғайра мерӯянд. Намиб конҳои алмос ва уран дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …