Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нақлиёти гидравлиқӣ

Нақлиёти гидравлиқӣ

Нақлиёти гидравлиқӣ, усули бо ҷараёни об аз ҷое ба ҷой дигар кӯчондани масолеҳи сахт. Нақлиёти гидравлиқӣ хангоми гидромеханиконии корҳои за­минканию кӯҳкорӣ ва сохтани иншооти хокӣ (сарбанд, дамба ва ғайра) барои дур кардани дажғолу хокистар аз дегҳои бур, интиқоли сарватҳои зеризаминӣ ва дур кардана партовҳои просессҳои пурфайзкунии онҳо, аз ҷое ба ҷое кӯчондани масолеҳи гуногун (коғазпораю аррамайда, ашёи хоми заводҳои қанду спирт ва ғайра) истифода мешавад. Нақлиёти гидравликӣ ду хел мешавад: бетазйиқ ва ботазйиқ.

Дар Нақлиёти гидравликии бетазйиқ гидроомехта дар новаҳои моилу рӯкушод, ки фишори болои онҳо ба фишори ат­мосфера баробар аст, ҳаракат мекунад; дар Нақлиёти гидравликии ботазйиқ гидроомехта даруни трубопроводҳо таҳти фишори барзиёд ҳаракат мекунад. Ии фишори барзиёд бо ёрии насосҳо (масалан, насоси пармачоҳ, насоси ангишткаш ва ғайра) ба амал оварда ме­шавад. Барои ҳисобу китоби Нақлиёти гидравликӣ асосан диаметри трубопровод, консентрасияи ҷисмҳои сахт дар гидро- омехта ва муқовимати гидравликӣ муҳим аст. Тавассути Нақлиёти гидравликии ботазйиқ борҳои гуногунро ба масофаҳои дуртар кашондан мумкин аст (масалан, дар ШМА бо ин усул ангиштро то 173 киллометр, маъданро то 115 киллометр мекашонанд).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …