Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОҲИДОРӢ

МОҲИДОРӢ

mohiparvariМОҲИДОРӢ, моҳипарварӣ, соҳаи хоҷагии халқ, ки бо парвариш, зиёд намудани захира ва беҳтар кардани сифати моҳӣ дар обанбор, кӯл, ҳавз ва ғ. машғул аст. Моҳидорӣ ду навъ: Моҳидории обанборию ҳавзаҳои табиӣ ва Моҳидории ҳавзаҳои сунъӣ мешавад. Дар ҳавзаҳои табиӣ (баҳр, дарьё ва кӯл) аз сабаби номусоид шудани шароит (тағйири режим ва таркиби химиявии об) заҳираи моҳӣ кам шуда, зарурати бо роҳи сунъӣ зиёд кардани он ба миён омад. Мас., дар б. Арал дар натиҷаи бад шудани шароити афзоиш миқдори моҳии шикорӣ торафт кам шуда истодааст. Инчунин дар резишгоҳи д.         Аму дар натиҷаи тағйир ёфтани режими об шароити сукунати моҳиҳо бад шуда, моҳии шикорӣ хеле кам гаштааст. Барои пешгирии ин аҳвол ҳолати мелиоративии ҳавзаҳои обро беҳтар намуда, бо роҳи сунъӣ моҳиҳоро афзоиш медиҳанд; шароити зарурии тухмгузории моҳӣ ва парвариш ёфтани моҳичаро муҳайё мекунанд, ҷойҳои тухмгузории моҳиҳоро тоза карда, дар дарғотҳои дарё роҳи моҳигузар месозанд ва барои тухмгузории онҳо ҷой тайёр мекунанд. Барои парвариши моҳӣ обанборҳоро ба кор мебаранд. Ба онҳо навъҳои нави моҳиро оварда, ба шароити маҳал мутобиқ мекунонанд, ки ин яке аз вазифаҳои асосии Моҳидорӣ мебошад. Дар Тоҷикистон дар кӯлу обанборҳо (обанбори ГЭС-и Фарходу Қайроққум ва обанбори Норак) ва ҳавзҳои махсус Моҳидорӣ мекунанд. Дар ш. Қайроққум хоҷагии тухмӣ моҳипарварӣ ҳаст, ки он зағорамоҳӣ парвариш мекунад (соле 1,5—2 млн моҳичаро ба обанбор cap медиҳад). Моҳидории ҳавзи дар Тоҷикистон соли 1942 oғoз ёфт. Ҳамон солҳо навъи гулмоҳиро ба ҳавзҳои моҳипарварии пойтахт cap доданд. Соли 1950 гулмохӣ ва моҳичаҳои онро ба питоминки моҳии Вахш бурданд. Баъдтар хоҷагиҳои моҳипарварии Чӯбаку Ҷилликӯл, заводи гулмоҳии Кофарниҳон, хоҷагии тухмӣ моҳипарварии Қайроққум ташкил шуданд.

Моҳидорӣ ҳамчунин м асосҳои биологии тадбирҳои парвариши моҳӣ (ба шароит мутобиқ кардан, ба вуҷуд овардани навъҳои нав, бо усули сунъӣ зиёд намудани он ва ғ.) ва биотехникаи процессҳои моҳидорӣ (инкубацияи тухми моҳӣ ва ғ.-ро) меомӯзад. Моҳидорӣ дар мактабҳои олӣ ва миёнаи хоҷагиҳои моҳидорӣ, факултеттҳои зоотехникии институҳои хоҷагии қишлоқ ва университетҳо таълим дода мешавад. Дар Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии хоҷагии моҳидории ҳавзӣ, Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии моҳидорӣ ва океанология, факултетҳои зоотехникии мактабҳои олӣ, университетҳо ва дар Тоҷикистон Институти зоология ва паразитологияи АФ РСС Тоҷикистон ва хоҷагиҳои моҳидорӣ оид ба Моҳидорӣ корҳои тадқиқотию илмӣ мебаранд. Таҷрибаи Моҳидории СССР ва мамлакатҳои хориҷӣ дар саҳифаҳои журналҳои илмию истеҳсолӣ «Рыбоводство и рыболовство», «Рыбное хозяйство», «Вопросы ихтиологии» ва ғ. инъикос карда мешаванд.

Ад.: Черфас Б. И., Рыбоводство в естественных водоёмах. М., 1956; Справочник рыбовода по искусственному разведению промысловых рыб, под рел. Н. И. Кожина, М., 1971; Мартышев Ф. Г., Прудовое рыбоводство/ М., 1973.

У. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …