Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАМОРФИЗМИ ҶИНСҲОИ КӮҲӢ

МЕТАМОРФИЗМИ ҶИНСҲОИ КӮҲӢ

metamorfizmi-chinshoМЕТАМОРФИЗМИ ҶИНСҲОИ КӮҲӢ (аз юн. metamorphosis — дигаргуншавӣ, табдилёбӣ), процессҳое, ки дар натиҷаи онҳо сохт, таркиби минералогӣ ва баъзан химиявии ҷинсҳои кӯҳӣ дар қишри Замин аз таъсири ҳарорат ва фишор тағйир меёбад. Ҳангоми М. ҷ к. ҷинсҳо гудохта намешаванд ва сахтии худро нигоҳ медоранд. М. ҷ к. асосан се хел мешавад: регионалӣ, контактӣ ва динамометаморфизм. М. ҷ. к.-и регионалӣ — аз таъсирифишору ҳарорати баланд дар қисмҳои чуқуртарини қишри Замин тағйир ёфтани ҷинсҳои кӯҳӣ. Ҷинсҳои кӯҳие, ки дучори М. ҷ к.-и регионалӣ гардидаанд, майдонҳои васеъро ишғол мекунанд. Таркиб, сохт ва ҳарорати ин ҷинсҳо дар масофаҳои калон як хел мешавад. М. ҷ. к.-и контактӣ — ҳангоми ҳосилшавии ҷинсҳои кӯҳии интрузивӣ аз таъсири гармии онҳо тағйир ёфтани ҷинсҳои ҳамшафат. Агар танҳо ҷинси интрузивӣ тағйир ёбад, метаморфизм зидиконтактӣ ва агар ҷинси ҳамшафат тағйир ёбад, метаморфизми экзоконтактӣ меноманд. Вобаста ба шакли интрузияҳо ва таркиби ҷинсҳои кӯҳии ҳамшафат майдони тағйирёфтаи ҷинсҳои атрофи интрузияҳо ҳархела мешавад. Динамометаморфизм — дар зери фишори табақаҳои болоӣ тағйир ёфтани ҷинсҳои кӯҳӣ. Дар натиҷаи динамометаморфизм танҳо текстураи ҷинсҳои кӯҳӣ ва ҳолати хобиши онҳо тағйир меёбад. Ҷинсҳои кӯҳие, ки дар натиҷаи процессҳои метаморфизм аз ҷинсҳои таҳшинӣ ё фишонда ҳосил шудаанд, ҷинсҳои кӯҳии метаморфӣ ном доранд. М. ҷ. к. махсусан дар зонаҳои чиндор ва деформацияи ҷинсҳои кӯҳӣ бештар рӯй медиҳад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …