Маълумоти охирин
Главная / Илм / Майдони магнитӣ

Майдони магнитӣ

МАЙДОНИ МАГНИТӢ – майдони дорои қувваест, ки ба зарядҳои электрии мутаҳаррик ва ҷисмҳои дорои лаҳзаи магнитӣ новобаста ба ҳолати ҳаракати онҳо таъсир мекунад. Ноқили ҷараёндор, ҷисмҳои зарядноки мутаҳаррик ё магнитноккардашуда манбаъҳои Майдони  магнитӣ мебошанд. Дар ҳамаи мавридҳо сабаби умумии пайдошавии Майдони магнитӣ ҳаракати зарраҳои электрӣ мебошанд.

Майдони магнитӣ

Азбаски дар табиат зарядҳои озоди магнитӣ вуҷуд надоранд, ҳодисаҳои магнитӣ аз ҳодисаҳои электрӣ ба куллӣ фарқ мекунанд ва ҳангоми тадқиқи Майдони магнитӣ ҳамчун ҷисми намунавӣ ва заряди электр, балки диполи магнитӣ хизмат мекунад. Модели дипол контури сарбаставу ҳамвори ҷараён мебошад, ки андозаҳояш ба дараҷаи кофӣ хурданд. Дар Майдони магнитии доимӣ дипол кӯшиш мекунад, ки ба самти вектори индуксия «В» ориентасия шавад. Майдони магнитиеро, ки ноқили ҷараёндор ба вуҷуд меорад, мувофиқи қуонуни Биову Савар муайян кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …