Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДАНИЯТИ ГАНҶАВУ ҚАРОБОҒ

МАДАНИЯТИ ГАНҶАВУ ҚАРОБОҒ

МАДАНИЯТИ ГАНҶАВУ  ҚАРОБОҒ, маданияти археологии охири асри биринҷӣ ва аввалҳои асри оҳан (охири хазораи 2 ва аввали хазораи 1 томелод) дар ҳудуди Озарбойҷон. Бори нахуст солҳои 90 асри 19 Э. Ресслер ва А. А. Иванов тадқиқ намудааид. Баъди Револютсияи Кабири Социалисти Октябрь археологҳо И. М. Ҷаъфарзода, С. М. Кознов, Я. И. Гуммель, И. Г. Наримонов тадқиқоти онро давом доданд. М. Г. Қ. аз иқоматгоҳҳо ва қабрҳои хурду калон иборат аст. Аз қабрҳо зарфҳои сафолӣ, яроқҳои биринҷӣ ва маснуоти зебу зинат ёфт шуд. Қабилаҳои М. Г. Қ. дар таҳхонаҳои як ё бисьёрхонагии деворҳояш сангӣ зиндагӣ карда, асосан бо чорводорӣ, деҳқонӣ, кулолӣ ва ҳунармандӣ машғул буданд.

Кони миси Кедабеки дар ҳавзаи дарёи Тертер воқеъгашта, дар инкишофи ҳунармандӣ роли калон мебозид. Дар давраи охири М. Г. Қ. аз фулузот низ яроқу аслиҳа месохтаанд. Аз қабрҳои сардорони қабила ва лашкаркашон яроқҳои зебои ҷангӣ ва ашьёҳои тиллоӣ ёфт шуданд. Аз як қабр мӯҳрае ба даст омад, ки дар он сурати подшоҳи Ошур Адандрирар сабт шудааст. Ин бозёфтҳо дар хусуси ҷангҳои қабилаҳои Закавказияи Марказӣ бо қабилаҳои мамлакатҳои дур шаҳодат медиҳанд. Ёдгориҳои М. Г. Қ. аз таназзули сохти ҷамоаи ибтидоӣ ва ба вуҷуд омадани аввалин муносибатҳои синфӣ дар сарзамини қадимаи Озарбойҷон шаҳодат медиҳад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …