Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ ҚАЙРОҚҚУМ

МАДАНИЯТИ ҚАЙРОҚҚУМ

МАДАНИЯТИ ҚАЙРОҚҚУМ, маданияти давраҳои миёна ва охири асри биринҷӣ. Маданияти Қайроққум асосан дар қисми ғарбии водии Фарғона, дар соҳили рости дарёи Сир ва обанбори Қайроққум паҳн шудааст. Ёдгориҳои Маданияти Қайроққумро соли 1954 бори аввал А. П. Окладников кашф ва солҳои 1955—56 Б. А. Литвинский тадқиқ кард. Бостоншиносон Маданияти Қайроққумро ба нимаи дуюми ҳазораи 2 то м. — аввали ҳазораи 1 то м. нисбат медиҳанд. Дар Қайроққум дар давраи ибтидои асри оҳан (асрҳои 7—5 то м.) низ ҳаёт вуҷуд дошт. Бодҳои шадид осори қабати археологиро дар бошишгоҳҳо қариб тамоман хоку туроб кардаанд. Дар заминҳои хушку шӯрхок нақшии ин бошишгоҳҳо боқӣ мондааст. Зиёда аз 70 нуқтаи Маданияти Қайроққум тадқиқ карда шудааст. Масоҳати бошишгоҳҳо аз 300 м то 10 та ва аз ин зиёдтар мебошад. Бошишгоҳҳо аз чанд хона иборат буданд. Бисьёр хонаҳо қатор-қатор оташдон доштанд. Дарозии чунин хонаҳо тақрибан ба 20 м ва барашон ба 12—15 м мерасид. Машғулияти асосии қабилаҳои Маданияти Қайроққум чорводорӣ буд. Аз бошишгоҳҳо устухони гӯсфанд (ё буз), гов, аспҳо ёфт шудааст. Дар хоҷагӣ инчунин деҳқонӣ роли махсус мебозид. Аз ҳамаи бошишгоҳҳо дастосҳо ёфт шудаанд. Шикор ва моҳигирӣ машғулияти дуюмдараҷаи қайроққумиҳо буд. Истеҳсоли маъдан ва фулузгудозӣ хеле тараққӣ карда буд, ки ба ин шароити хуби табиӣ, наздик буда ин конҳои мис (конҳои Навқат ва конхои Даромазор) мусоидат менамуд.

Аз бошишгоҳҳо бисёр партовҳои бирииҷӣ, шикастапораҳои қолабҳои сангӣ барои рехтани табару зоғнӯлҳои биринҷӣ ёфт шудаанд. Зарфҳои сафолӣ бештар дар қолабҳои матоӣ тайёр карда бо нақшҳои гуногун (секунҷа, хатҳои росту шикаста ва ғ.) оро дода мешуд. Барои нақши зарфҳо тамғаҳои дандонадор ва ҳамворро истифода мебурданд. Дар ноҳияи Қайроққум дар мавзеи Хоҷаи Ягона ва деҳаи Даҳана (pайони Ашт) қабрҳои Маданияти Қайроққум тадқақ карда шудаанд. Дар Хоҷаи Ягона майитро дар қабрҳои лаҳаддор, ки аз тахтасангҳо сохта шудаанд, дар Даҳана дар чуқуриҳои бо тахтасангҳо рӯпӯшшуда гӯронидаанд. Манбаи дигари Маданияти Қайроққум дар масофаи 22 км ҷанубтар аз қасабаи Шаҳристон, дар камари Оқтангӣ ёфт шудааст. Осори бошишгоҳҳои ба Маданияти Қайроққум, монанд, инчунин дар қисми ғарбии воҳаи Бухоро дарёфт шудааст. Бо Маданияти Қайроққум як қатор пуштаҳои Фарғонаи Ҷанубӣ, воҳаи Тошкент, води дарёи Арпа ва Помири Ҷанубу Шарқӣ низ алоқаманданд.

Ад.: Литвинский Б. А., Окладников А. П., Рановв. А., Древности Кайраккумов, Тр. Ин-та истории им. Ахмада Дониша АН Таджикской ССР, т. 33, Д., 1962; История таджикского народа, т. 1, М., 1963; Гафуров В. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, М., 1972.

Л. Т. Пьянкова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …