Маълумоти охирин

ЛУБИЁ

lubioЛУБИЁ (Phaaeolus), ҷинси растаниҳои яксола ва бисьёрсола аз адабиётҳо. Пояи рост ё печон, себаргаи дароздумча, гули сафед, сурх, бунафш ва ғ., ғилофакмева дорад. Дар дуянё 180 намуди Лубиё маълум буда, асосан дар мамлакатҳои тропикии Осиё, Африка ва Америка паҳн шудааст аз 20 (дар СССР 7) намуди онро кишт мекунанд. Дар РСС Тоҷикистон 3 намуди Лубиё (Лубиёи муқаррарӣ, Лубиёи сурх аз мош — Ph. aureus) кишт мешаванд. Лубиёи муқаррар il Ph. vulgaris (Ниг. расм), растании яксола, пояаш печон (дарозиаш 1—3 м), сершохча, баргаш aз якчанд баргчаи сермӯяк иборат аст; хӯшагулаш 2—0-гула, гулаш гулобӣ, бунафш, зардтоб ё сафеди сабача, ғилофакмевааш дарози 17—24, баъзан то 30 ом) 2—10-тухма. Моҳҳои июль — октябр гулу мева мекунад.

Дар ҷаҳон ба 22 млн га ва аз он ҷумла дар СССР (асосан Украина, Молдавия, Закавкзаия ва Осиёи Миёна) ба 50 ҳазор га Лубиё мекоранд. Дар Тоҷикистон Лубиёро бештар дар вилояти Ленинобод, районҳои Ҳисор ва Ғapм кишт мекунанд. Махсусан навъи Лубиёи «Саксаи бенахи 615» маъмул аст.

Лубиё— растании гармидӯст. Дони он ҳангоми 12—13° С будили ҳарорат саросар неш мезанад. Лубиё сармобардор нест; наврустаи он дар 0,5—1°С нобуд мешавад. Лубиё ҳангоми ташаккули ғилофак намиталаб аст. Лубиё дар қитъаҳои соя нағз месабзад. Онро бо ҷуворӣ, ҷуворимакка ва зироати дигар якҷоя кишт карда, барои силос истифода бурдан мумкин аст. Кишти омехтаи Лубиё хокро сернитроген ва ҳосилхез мегардонад. Лубиё нурӣ ва поруталаб аст. Махсусан нуриҳои калий ва фосфордор (45—60 кг/га) онро серҳосил менамоянд. Миқдори кишти Лубиё 0,25—0,4 млн дона га; кишти навъҳои Лубиёи донаш майда 70—80 кг/га, навъҳои донаш калон 100—150 кг/га (вобаста ба навъ, усул ва маҳалли кишт). Ҳангоми дуруст ба роҳ мондани агротехинкаи киштукори Лубиё аз 1 га 25—40 ц ҳосил меғундоранд. Дар заминҳои обии Тоҷикистон 20—25        ц/га Лубиё мегиранд.

Дон ва ғилофаки Лубиё ҳамчун сабзавот, ғалладона ва хӯроки чорво аҳамияти калон дорад. Дони Лубиё 17—35% сафеда, 1—4% равған, 42—02% оҳар, инчунин қанд, витаминҳои А, В, С дорад. Аз баргаш ҷавҳари лиму ва якчанд ҳол дору тайёр мекунанд.

Лубиёи сурх (Ph. cocclnous) растании яксола, ки то 5 м баланд мешавад. Поли печони камшохча, барги калон (дарозиаш 12—20 см), хушагули 10—16-гула, гули сурх, баъзан сафед, ғилофакмеваи дорчинии 2— 5-тухма дорад. Моҳҳои июнь — сентябр, гулу мева мекунад. Лубиёи сурхи худрӯй дар Мексика ва Гватемала вомехӯрад. Дар Тоҷикистон онро ҳамчун растании ороишӣ мекоранд. Ғилофак ва дони навъҳои сафеди Лубиёи сурхро ба таом меандозанд. Алафи онро барои силос ва ҳамчун нурии сабз истифода мебаранд.

Ад.: Қocимов Ҷ Қ., Крейдик Е. М., Невзоров В. В., Зироатҳои Тоҷикистон, Д., 1975; Растениеводство, М., 1975; Флора Таджикской ССР, т. 5, Л., 1078.

М. Расулова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …