Маълумоти охирин
Главная / Илм / Леонардои Пизанӣ

Леонардои Пизанӣ

Леонардои Пизанӣ (Leonardo Pisano), ё худ Фибоначӣ (Fibonacci) (тақрибан соли 1170 таваллуд шуда баъди соли 1228 вафот кардааст), математики италиявӣ. Ба мамлакатҳои Шарқ, сафар карда, бо комёбиҳои математикаи араб шинос шудааст; ин барои дар мамлакатҳои Ғарб паҳн шудани математикаи Шарқ кӯмак расонд.

leonardo_pizani_fibonachi

Асарҳои асосиаш «Liher Abaci» (1202)—рисола дар бораи арифметика (рақамҳои ҳиндӣ, ададҳои Фибоначчи) ва алгебра (то худи муодилаҳои квадратӣ), «Practica Geo-metriae» (1220) аввалин асарҳоеанд, ки татбиқи масъалаҳои алгебраро дар геометрия дар бар гирифтаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …