Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ҚАЛАНДАРИЯ

ҚАЛАНДАРИЯ

ҚАЛАНДАРИЯ     як силсилаи тасаввуфро гуянд, ки пайравонаш Ҷамолуддини Совақиро (а. 13) пешвои худ мешумориданд. Асоси таълимоти Қ-ро тарки русуму одоби ҷорӣ ташкил медод. Дар бораи пайдоиши ин силсила ва номи он баҳсҳои зиёде мавҷуданд. Муаррихони тасаввуф муътақиданд, ки баъди ҷудо шудани оини ҷавонмардӣ аз маломатия анъанаи маломатиёнро қаландарон дар Осиёи Миёнаю Эрон идома додаанд. Қаландарон маъмулан макони муайяне надоштанд ва зиндагии кучиро аз cap мегузарониданд. Ба ҷои таълимоти ирфонӣ бештар ба ҳаёти риндонаи маломатиён таваҷҷуҳ доштан ва азбаски зиндагии қаландаронаро интихоб намуда буданд, онҳоро аҳли хонақоҳ ба унвони «суфиёни хориҷ» ном мебурданд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафасот-ул-унс» таълимоти Қ-ро бо афкори маломатиён шабеҳ медонад. Ин нукта дар «Мантиқ-ут-тайр» ва «Маснавии маънавӣ низ мушоҳида мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …