Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / КАЛАНДАРИЯ

КАЛАНДАРИЯ

КАЛАНДАРИЯ     як силсилаи тасаввуфро гуянд, ки пайравонаш Чамолуддини Совакиро (а. 13) пешвои худ мешумориданд. Асоси таълимоти К-ро тарки русуму одоби чори ташкил медод. Дар бораи пайдоиши ин силсила ва номи он бахсхои зиёде мавчуданд. Муаррихони тасаввуф муътакиданд, ки баъди чудо шудани оини чавонмарди аз маломатия анъанаи маломатиёнро каландарон дар Осиёи Миёнаю Эрон идома додаанд. Каландарон маъмулан макони муайяне надоштанд ва зиндагии кучиро аз cap мегузарониданд. Ба чои таълимоти ирфони бештар ба хаёти риндонаи маломатиён таваччух доштан ва азбаски зиндагии каландаронаро интихоб намуда буданд, онхоро ахли хонакох ба унвони «суфиёни хорич» ном мебурданд. Абдуррахмони Чоми дар «Нафасот-ул-унс» таълимоти К-ро бо афкори маломатиён шабех медонад. Ин нукта дар «Мантик-ут-тайр» ва «Маснавии маънави низ мушохида мешавад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …