Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАҲҲОРӢ Абдуҷаббор

ҚАҲҲОРӢ Абдуҷаббор

ҚАҲҲОРӢ Абдуҷаббор (тав. 7. 1. 1924, деҳаи Лангарибобои p-ни Конибодом), шоири советии тоҷик. Аз оилаи хизматчӣ.

Аъзои КПСС аз с. 1945. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти          РСС Тоҷ. (1974). Фак-ти журналистии Мактаби олии партиявии ш. Москваро хатм кардааст (1958). С-ҳои 1944—50 дар газета ва журналҳои республикавӣ вазифаҳои гуногунро ба ҷо овард. Сардори Управленияи санъати Вазорати маданияти республика (1960—62), сармуҳаррир (1962) ва директори нашриёти «Ирфон» (1968—75) буд. С.-ҳои 1975—84 муовиии якуми раиси правленияи Ҷамъияти китобдустони РСС Тоҷ. Муаллифи маҷмуаҳои «Суруди бахт» (1948), «Гули бадом» (1959), силсилаи шеърҳои «Оҳангҳои дустӣ» (1964; дар бораи Афғонистон). «Шукуфаҳои аз хун дамида» (1900) ва р. Достоин К. «Шаби пеш аз марг» (1965) аз корнамоиҳои фарзандони халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл мекунад. Мавзуи достони «Давоми умр» (1965) халқ ва Ленин аст. Қ. барои бачаҳо достонҳои «Гуфтугу бо меҳмон» (1958), «Писарчаи ҷаҳондидаи ман» (1957), «Қиссаи пахта» (1959) ва ғ.-ро навиштааст. Пьесаҳояш «Қаҳрамони ҷавон» (1942), «Дили оташин» (1948), «Таркиш» (1975) ва «Шайтон (1980) дар театрҳои тоҷик намоиш дода мешаванд. Очеркҳояш дар маҷм. «Аз паи ситораҳои паррон» (1973) фароҳам омадаанд. Асарҳои Қ- ба забонҳои халқҳои СССР тарҷума шудаанд. Бо ордени ҷанги ватании дараҷаи 1—2, ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст. Аз с. 1947 узви ИН СССР.

Ос.: Шамшер ва рангинкамон, Д-. 1974; Гули шом. Д., 1984; Шоҳиди зинда. Достонҳо, Д., 1985.

А. Бобоҷон.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …