Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯли САССИҚКӮЛ

Кӯли САССИҚКӮЛ

САССИҚКӮЛ, кӯлест дар Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон, шарқтар аз кӯли Балхаш. Сассиқӯл дар хамии Балхашу Алокӯл, дар баландии 347 метр воқеъ аст. Масоҳаташ 736 километр2, чуқуриаш то 4,7 метр. Пастиҳои соҳили кӯл қамишзор аст. Сатҳи оби кӯл дар давоми сол то 3 метр тағйир меёбад. Ноябр ях баста, аввали апрел яхаш об мешавад. Ба Сассиқӯл дарёҳои Тентак ва Қарокӯл мерезанд; оби Сассиқӯл ба воситаи шохобҳо ба кӯли Уялӣ ҷорӣ меша- вад. Аз Сассиқӯл моҳӣ (ширмоҳӣ, хормоҳӣ, зағорамоҳӣ) мегиранд; андатра парвариш мекунанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …