Маълумоти охирин

ХИРНОЙ

ХИРНОЙ, ной, ноинафас, як қисми роҳи нафаси ҳайвоноти мӯҳрадор ва одамро гӯянд, ки дар байни ҳанҷара (ҳалқум) ва бронхҳо ҷой гирифтааст. Дарозии хирной ба дарозии гардан мутаносиби рост ва ба дарозии бронхҳо мутаносиби чап аст.

xirnoy

Скелети хирной дар хазандаҳо аз ҳалқаҳою нимҳалқаҳои тағоякӣ, дар паррандагон одатан аз ҳалқаҳои устухонгашта ва дар ширхӯрҳо аз нимҳалқаҳои тағоякӣ иборат аст; ҳалқаҳои хирнои қундуз, агути (заргӯши кузапушт), лемур сарбастаанд. Аз паси девораи пардамонанди хирной сурхрӯда ҷойгир аст. Xирной дар сандуқи сина ба ду ва дар баъзе ҷонварон (китҳои дандондор, хук, ҷонварони кафшакунанда) ба се бронх ҷудо мешавад.

Хирнои одам ғулбашакл буда, аз 16 —20 нимҳалқаҳои тағоякӣ иборат аст, ки бо бофтаҳои нахдори ғафс пайваст шудаанд, дарозиаш 11—13 см. Илтиҳоби пардаи луобии хирнойро трахеит меноманд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …