Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ ПОРТӢ

ХАТИ ПОРТӢ

ХАТИ ПОРТӢ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони портӣ истифода бурда мешуд. Алифбои портӣ тамоми 22 ҳарфи хати оромиро бо баъзо тағйирот дар бар мегирифт. Шакли ҳарфҳо дар катибаҳои сафолпораҳо, ки аз Нисо, Камис ва Қӯшатеппа ба даст омадаанд, ба хати «империягии оромӣ» (хате, ки дар давлати Ҳахоманишиён истифода мебурданд, асрҳои 6—3 то м.) монанд мебошанд. Бисёр ҳарфҳо дар навишт шаклҳои гуногун доранд. Xати портӣ ду навъ аст: қадим ва нав. Дар хати портии нав барои фарқи ҳарфҳои d ва r, ки тарзи навишташон як хел аст, дар зери d аломати диакритикӣ мегузоштанд. Дар хати портӣ ҳузворишуо фаровонанд, ки ба калимасозии хати «империягии оромӣ» дар дабирхонаҳои Ҳахоманишиён мансубанд. Аз давраҳои қадимтар (то Сосониён) осори кам боқӣ мондааст. Навиштаҷоти асосии портӣ дар давраи Сосониён ба миён омадаанд (Катибаи Пайкулӣ, Катибауои Шопури 1 ва ғайра).
Адабиёт: Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки. Москва., 1981.А. Хромов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …