Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҒУЛОМОВ Анвар

ҒУЛОМОВ Анвар

ҒУЛОМОВ Анвар (тав. 10. 5. 1920, деҳаи Ҳасании p-ни Свои, вил. Қурғонтеппа —23. 6. 1982, ш. Орҷоникидзеобод), сароянда ва актёри театри халқӣ. Ҳофизи Халқии РСС Тоҷ (1960). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз с. 1943. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). С-ҳои 1945—46 котиби дуюми Комитет камсомолӣ, 1946—55 ва 1961—62 мудири шуъбаи Комитети иҷроияи Совет депутатҳои меҳнаткашон, 1955 —59 директори хонаи маданият аз С. 1959— режиссёри Театри халқии Орҷоникидзеобод. Ғ. актёри ҳаҷвнигор буд, сурудҳои ҳаҷвии халқиро бо маҳорат иҷро намуд. Дар иду ҷамъомадҳо Ғ. ҳамчун масхарабози халқӣ баромад карда, дар тарбияи ҳунарварони ҷавон ва пешрафти театрҳои халқии республика ҳисса гузоштааст. Ғ. бо ордени «Шараф» (дараҷаи 3), медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. мукофотонида шудааст.

Д. Ҳамроев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …