Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ҚАЙРОҚҚУМ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО»

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ҚАЙРОҚҚУМ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО»

ges-dustii-khalkho

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ҚАЙРОҚҚУМ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО», яке аз истгоҳҳои барқии обии Осиёи Миёна буда, дар дарёи Сир солҳои 1951— 57 сохта шудааст. Стансияи электрии обии Қайроқум 6 агрегат дорад; иқтидори умумиашон 126 ҳазор кВт аст.

Гидроузели Стансияи электрии обии Қайроқум аз сарбанди бетонии обфаро, сарбанди хокӣ (маҷрои асосии дарё ва соҳили рости онро мебандад, комплекси иншооти муҳофизатӣ), бинои мошинҳо ва бинои худи стаяция иборат аст. Дар натиҷаи бастани маҷрои дарёи Сир ва сохта шудани сарбанд обанбори Қайроққум — «Баҳри тоҷик» (ҳаҷмаш 4 млрд м3, тобистон баландии сатҳи обаш ба 18 м мерасад) ба вуҷуд омад. Захираи оби обанбори Қайроққум барои бунёди стансияҳои нави насосӣ, обёрии 300 ҳазор га замини Мирзочӯл ва 75 ҳазор га замини поёноби дарёи Сир имкон дод. Обанбори Қайроққум манбаи парваршпи навъҳои хуби моҳӣ гардид. Хоҷагиҳои моҳидорӣ аз он соле 1500 т моҳӣ мегиранд. Стансияи электрии обии Қайроқум Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистонро бо қувваи электрик таъмин мекунад. Ҳ. Дӯстов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …