Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИРӮЗИ ЗАРДУШТӢ

ФИРӮЗИ ЗАРДУШТӢ

ФИРӮЗИ ЗАРДУШТӢ, ибни Ковус (соли таваллуд номаълум — вафот 1827/8 ё 1835), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар хонадони пайравони зардуштия — порсҳо таваллуд ёфта, дар 10-солаги барои таҳсил ба Эрон омад. Пас аз 12 сол ба Ҳинд баргашт. Ба қалами Фирӯзи 3ардуштӣ фарҳанге дар шарҳу тафсири калимаҳои паҳлави ва асари таърихии манзуме (40 ҳазор байт, ба вазни мутақориб) дар таърихи Ҳиндустон тааллуқ доранд. Дар асари дуввум Фирӯзи 3ардуштӣ ба «Шоҳнома»-и Фирдавси тақлид кардааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …