Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕТ, Шеншин Афанасий Афанасевич

ФЕТ, Шеншин Афанасий Афанасевич

ФЕТ, Шеншин Афанасий Афанасевич (5. 12. 1820, деҳаи Новосёлкаи ҳозира раёни Мсени вилояти Орлов— 3. 12. 1892, Москва), шоири рус. Тарафдори бевоситаи ҷараёни «санъати маҳз». Аз масъалаҳои иҷтимоӣ, инъикоси ҳақиқати ҳаёт ва масоили рӯз дурӣ меҷуст. Бо вуҷуди ин назми ӯ асоси ҳаётӣ дорад. Вай манзараҳо, табиат ва ҳолати рӯҳии шахсро бо маҳорати баланд тасвир намудааст. 4 маҷмӯаи ашъор бо номи «Чароғҳои шаб» (1883—91), асарҳоя. ёддоштии «Ёддоштҳои ман» (қисми 1—2, 1890), «Бачагии ман» (1893) ва ғайра таълиф кардааст. Дар таъсири «Девони ғарбию шарқӣ»-и И. В. Гёте, ки Фет онро ба русӣ гардонда буд, ба назми Шарқ, бештар эҷодиёти Ҳофиз, таваҷҷуҳ пайдо кард. Дар эҷодиёти у ғазалҳо, образҳо, мазмуну мавзӯъҳои шарқӣ ба назар мерасанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …