Маълумоти охирин

«ФАРЪ»

«ФАРЪ» (арабӣ — шоҳ, шохи дарахт), номи вазнест дар мусиқии классикӣ, ин дар асоси зарбҳо (авзонӣ)-и аслӣ мураттаб мешавад. Асосан хоси «Дувоздаҳмақом» аст. Масалан, аз зарби «Мухаммас» — «Фаръи Муҳаммас» ва аз оҳангҳои «Моҳур», «Рост», «Бӯсалик» ва ғайра. «Фаръи Моҳур», «Рости Фаръ», «Бӯсалики Фаръ» ва дигарро сохтаанд. «Фаръи Моҳур» аз аввалин лаҳни овозаҳои «Гавашт» ва «Салмак» оғоз ёфта, дар «Наврӯзи Араб» мураттаб мегардад. Мувофиқи маълумоти «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдулмӯъмини Сафиуддин «Баҳҷат-ур-рӯҳ» «Фаръ» вазнест, ки 6 зарб — 3 зарби сангин (бам) ва 3 зарби сабук (зер) дорад. Атонинаш: тан дара дим тано (навъи дигараш — тала тананӣ). Дар «Шашмақом» вуҷуд надорад.

Адабиёт:

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …