Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭРЙИГИТОВ Туйчӣ

ЭРЙИГИТОВ Туйчӣ

eryigitov-tuychi

ЭРЙИГИТОВ Туйчӣ (1921, деҳаи Булоки p-ни Ашти вил. Ленинобод —1943), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1944, баъди марг). То Ҷанги  Бузурги Ватани дар к-зи «Пахтакор»-и p-ни Ашт чупон буд. Аз рӯзҳои аввали ҷанг ихтиёрӣ ба армияи амалкунанда рафт. Дар муҳорибаи Сталинград иштирок карда, сахт ярадор шуд. Э. корнамоии А. Матросовро такрор карда, ҳалок шуд ва номи нек ёфт. Ба ёдбуди Э. дар зодгоҳи қаҳрамон ҳайкал гузошта шудааст. Собиқ к-зи «Пахтокор»-и р-ни Ашт ҳоло с-зи ба номи Туйчӣ Эрйигитов аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …