Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЭҶОДИЁТИ ДАҲОНАКИИ ХАЛҚ

ЭҶОДИЁТИ ДАҲОНАКИИ ХАЛҚ

ЭҶОДИЁТИ ДАҲОНАКИИ ХАЛҚ, эҷодиёти бадеии ягон халқ, ки аз тарафи омма гуфта ё capоида мешавад; маҷмуи навъҳо ва шаклҳои он дар илм эҷодиёти бадеии халқ, назми халқӣ, назми шифоҳӣ, шеърҳои халқӣ ва фольклор (англ, folklore — ҳикмати халқ) низ ном гирифтааст. Қадимтарин навъҳои Э. д. х. дар ҷараёни ташаккули нутқи инсон ба вуҷуд омадаанд. Дар ҷамъияти ибтидоӣ Э. д. х. бо дигар навъҳои фаъолияти эҷодии халқ — рақс, суруд, мусиқӣ ва ғ. робитаи қавӣ дошт ва ифодагари афкору ақоид, тасаввуроти динӣ ва асотирии мардум буд. Дар ҷараёни инкишофи ҷамъият ва пайдоиши табақаю синфҳо навъҳо ва шаклҳои гуногуни Э. д. х. пайдо шуда, манфиатҳои гуруҳу табақаҳои мухталифи иҷтимоиро ифода мекарданд, вале мардуми меҳнаткаш дар тараққӣ ва рушду камоли Э. д. х. ҳиссаи бузург гузоштаанд. Мардум дар эҷодиёти даҳонакиашон фикру зикр, муносибаташонро ба ҳодисаҳои зиндагӣ, воқеаҳои таърихӣ ифода намудаанд, меҳнату роҳати худро дар шакли бадеӣ ва тавассути образҳои бадеӣ ситоиш кардаанд. Э. д. х. аз ҷаҳонбинӣ, орзую омол. мубориза ва расму оини ниёгону аҷдод дарак медиҳад. Э. д. х. хусусиятҳои гуногун дорад. Пеш аз ҳама он эҷодиёти коллективӣ мебошад, чункӣ фикру андеша, шуури коллективиро ифода мекунад ва ҷараёни эҷоду такомулаш низ ба коллектив вобаста аст. Баробари ин, ҳиссаи шахсони ҷудогона, афроди санъаткор дар офаридани асарҳои Э. д. х. калон аст. Аслан офарандаи асари халқӣ фарқи ҷудогона аст, вале баъдан ин acap ба завқи умум мувофиқ омада, аз даҳон ба даҳон мегузарад ва гуяндаи нахустин фаромуш мешавад. Офарандагони Э. д. х.-ро шоири халқӣ, гуянда, афсонагу, аксиягу, ҳофиз, гуруғлихон, ширинкор, масхарабоз ва ғ. меноманд. Мас. Бобоюнус Худойдодзода, Қурбон Калил, Одина Шакар, Ҳикмат Ризо, Ҳақназар Кабуд, Қурбоналӣ Раҷаб ва диг. гуруғлихон, Оқилов Саидамир, Назаров Усмон, Ортиқов Амонулло, Додоҷонова Зулол, Тегааев Ҳафиз, Латифов Зариф ва диг. афсонагуиҳои тоҷик мебошанд. Гуяндагону сарояндагон вобаста ба шароити иҷтимоӣ ва услуби эҷодии худ ба асарҳои халқӣ тағйирот ва навигарӣ дохил мекунанд. Хусусияти дигари асарҳои халқӣ даҳанакӣ эҷод шудани онҳост. Ин ҷиҳат ба мазмуну мундариҷаи онҳо бетаъсир намемонад. Азбаски мардум ҳама ҳодисаҳову руйдодҳоро аниқ дар хотир нигоҳ дошта наметавонанд, баъзан омехташавии замону макони воқеаҳои таърихӣ, тасвири ашхоси ғайритаърихӣ ва ё ба замони офаридани асар номувофиқ ба назар мерасанд. Вале ин маънои онро надорад, ки Э. д. х. аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа заиф аст. Дар он, асосан, мазмуну моҳияти ҳодисаҳо равшан инъикос ёфта, ҷамъбасти бадеӣ, образу персонажҳои типӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Ду хусусияти зикршудаи Э. д. х. боиси пайдоиши хусусияти дигари он — вариантнокӣ гардидааст. Омилҳои асосии пайдоиши вариантҳои асари халқӣ ба замон ва мавқеи офариниш, маҳорат ва ақидаи гуянда, вазъият ва муҳити иҷтимоӣ, таҷрибаи эҷодӣ ва фардии гуянда вобаста аст. Тадқиқи вариантҳо барои муайян кардани дараҷаи инкишофи ақидаҳои эстетикии халқ аҳамнят доранд.

Дар Э. д. х. забон яке аз унсурҳои асосӣ буда, ба воситаи он ғояҳо, мавзуъҳо ва матлабҳои асари халқӣ ифода меёбанд. Дар Э. д. х. унсурҳои лаҳҷа ва шеваи гуяндагон нигоҳ дошта мешаванд. Вале тамоюли асосии Э. д. х. асосан ба наздик кардани забони асарҳои халқӣ ва адабиёти бадеии китобӣ мебошад, чунки аксари гуяндагон саводнок шудаанд ва аз адабиёти бадеӣ, матбуот, радиову телевизион баҳравар гардидаанд. Санъатҳои бадеии адабиёти китобӣ — ташбеҳ, тавсиф, маҷоз, муболиға ва ғ. дар Э. д. х. маъмуланд. Вале дар асарҳои халқӣ системаи хоси воқеаҳои тасвири бадеӣ мавҷуданд, ки истифодаи онҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар Э. д. х. аз ҳама бештар рамз истифода мешавад. Осори манзуми Э. д. х. асосан бо вазни ҳиҷо гуфта шудаанд, вале бо таъсири адабиёти китобӣ вазни арӯз низ дар Э. д. х. маъмул гардидааст.

Эпос, афсона, латифа, байт, рубоӣ, бадеҳа, суруд, суруди таърихӣ, чистон, зарбулмасал, мақол, тезгуяк ва ғ. жанрҳои Э. д. х. мебошанд. Жанрҳои Э. д. х. аз ҷиҳати банду баст, шаклу ҳусни баён дар давоми асрҳо инкишофу такмил ёфтаанд, ки ин ба вусъати доираи меҳнат ва амиқтар гардидани мазмуну моҳияти он, таҳаввули муносибатҳои иҷтимоӣ ва зисту зиндагонии инсон вобаста аст. Баъзе жанрҳо ба Э. д. х. аз адабиёти хаттӣ гузаштаанд (ғазал, мухаммас, маснавӣ ва ғ.). Жанрҳои Э. д. х. давраи инкишоф ва сайру таҳаввули худро доранд. Мас., рубоӣ аз жанрҳои қадимтарини Э. д. х. ба шумор меравад. Эпос, асотир ва ривоятҳо низ дар давраҳои қадим ба миён омада, аз жанрҳои нахустини Э. д. х. мебошанд.

Э. д. х. хусусияти миллӣ ва байналмилалӣ дорад. Дар фолклори халқҳои гуногун баробари обуранги миллӣ ва хусусиятҳои фарқкунанда сюжет ва ғояҳои ба ҳамдигар монанд дучор мешаванд. Мас., аз се ду ҳиссаи сюжети афсонаҳои халқии русӣ дар байни халқҳои дигар муродиф доранд. Э. д. х.-и тоҷик, ки ба забонҳои қадим, миёнаи эронӣ ва забони порсии дарӣ (тоҷикӣ) интишор ёфтааст бо эҷодиёти даҳанакии халқҳое, ки ба ин забон ё шеваву лаҳҷаҳои он гуфтугу мекунанд, аз бисьёр ҷиҳат муштарак аст. Афсонаҳо, ривоятҳо, қиссаҳо, шеъру таронаи фольклории ба якдигар монандро дар байни халқи тоҷик ва халқҳои Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва мамлакатҳои Араб дарьёфтан мумкин аст. Э. д. х.-и тоҷик аз замонҳои қадим бо Э. д. х-и узбек, қирғиз, қазоқ, озар, арман, курдӣ ва диг. робитаи мустаҳкаи дошт ва ин робита пас аз ғалабаи Рев. Октябрь боз ҳам қавитар гардид.

Э. д. х. аз қадимулайём ҳамсафи адабиёти хаттӣ (китобӣ) буд; байни Э. д. х. ва адабиёти хаттӣ робитаи доимии қатънашаванда ва таъсири мутақобил дида мешавад. Беҳтарин асарҳои адабиёти хаттӣ дар заминаи Э. д. х. офарида шудаанд. Шоирону насрнависон осори Э. д. х. — достонҳои «Вис ва Ромин», «Вомиқ ва Азро», «Ширин ва Фарҳод», «Тоҳир ва Зуҳро» ва ғ-ро ба назм даровардаанд. Ин асарҳо дар таҳрири адабӣ боз ба халқ баргаштаанд. Байтҳо, рубоиҳо, ғазалҳо, латифаҳо, андарзҳои классикони адабиёти форс-тоҷик дар байни халқ паҳн шуда, нусхаҳо (вариантҳо) пайдо кардаанд ва чун Э. д. х. маъмул гардидаанд. Шоирону нависандагони советии тоҷик С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода («Тоҳир ва Зуҳро»), М. Раҳимӣ («Афсонаи Симурғ»), С. Ҷавҳаризода («Робияи чилгазамуй»), Ғаффор Мирзо («Чилдухтарон», «Достак»), М. Миршакар («Қишлоқи тиллоӣ»)-ро дар таъсири Э.       д. х. забону услуб ва тарзи тасвири он асарҳо таълиф кардаанд. Дар бораи таърихи гирдоварӣ, методологияи илмии тадқиқи Э. д. х. ниг. низ Фолъклоршиносӣ.

Ад.: Амонов Р., Очерки эҷодиёти даҳонакии аҳолии Кулоб, Д., 1963; ҳамон муалл., Лирикаи халқии тоҷик, Д., 1968; Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик, Д.. 1980; Асрорӣ. В.. Фольклор, халқият, нависанда, Д., 1982; Библиография таджикской фольклористики (1872—1863), кит. 1—2, Д:, 1979; Кулли-(1872—1863), кит. 1—2, Д.. 1979; Куллиёти фольклори тоҷик, ҷ. 1. М., 1981; ҷ-4,         Д., 1986; Набзи фольклори тоҷик иборат аз шаш ҷилд, ҷ- 1, Д-. 1985.

Б. Тилавов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …