Маълумоти охирин

Деҳаи Майдон

МАЙДОН, деҳа дар С. қ. Ворухи ноҳияи Исфара, вилояти Ленинобод. Терр. колхози «Правда». Аз Майдон то маркази С. қ. 1 км, то район 41 км; роҳ асфалтпӯш. Ахолиаш 2981 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа 2 мактаби миёна, 3 китобхона, пункти тиббӣ, дорухона, 4 магазин, 2 дукони сабзавотфурӯшӣ 2 нонвойхона, 2 чойхона, ошхона ва ғ. дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — боғдорӣ, сабзавоткорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи каналҳо аз дарёи Кишамбиш ва Каравшин обёрӣ мешаванд.

МАКОН ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …