Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Давраи Ордовик

Давраи Ордовик

Ордовик, давраи (систе­маи) ордовик, давраи дуюми эраи палеозой баъд аз кембрий. Бо усули радиологӣ муайян шудааст, ки Ордовик 500 миллион сол муқаддам оғоз ёфта, 60 миллион сол давом кардааст. Таҳнишастҳои ин давра бошанд, си­стемаи Ордовикро ташкил медиҳанд. Сис­темам Ордовикро соли 1879 геологи англис Ч. Лапуорс дар Уэлс муқаррар намуд.

Номи Ордовик аз номи қабилаи қадими ордовикҳои Англия бармеояд. Соли 1960 сессияи 21-уми Конгресси байналхалқии геологҳо О.рдовикро ҳамчун давраи мустақил эътироф кард. Am­mo то ин вақт Ордовик замони аввали давраи силур ҳисоб карда мешуд. Дав­раи Ордовикро ба замонҳои аввал, миёна, охир ва системаи онро ба қисмҳои поён, миёна ва боло тақсим меку­нанд.

Баробари саршавии давраи Ордовик қитъаҳои калони хушкиқои рӯи За­мни (Европаи Ғарбй, атрофи баҳри Бал­тика, Урал, Қазоқистону Осиёи Ми­ёна, қисми зиёди Сибир, Осиёи Ҷануби Шарқӣ, нимаи шарқии Австра­лия, қариб тамоми Америкин Шимолӣ, қисман Америкаи Ҷанубӣ ва Африка) фурӯ нишаста, зери оби баҳр монданд. Дар миёнаҳои давраи Ордовик трансгрессияи баҳрҳо ба авҷи аълои худ расид. Дар охирҳои дав­раи Ордовик аз зуҳур ёфтани фазаи пурзӯри чиндоршавии каледонй масоҳати баҳрҳо хеле маҳдуд гардида, қитъаҳои калону нави хушкӣ пайдо шуданд.

Баҳрҳои давраи Ордовикро ба 2 тип ҷудо мекунанд: платформаг ӣ — таҳшинҳояшон асосан карбо­натӣ ва геосинклиналӣ — таҳ- шинҳояшон бештар терригенӣ (регу шағал, лойқа ва ғайра) ва вулқонӣ (маҳсули оташфишониҳои зериобӣ). Охирҳои давра як қатор ноҳияҳо — Аппалачи, Уэлс, Сибири Ғарбию Шарқӣ, Қазоқистон ба марказҳои калони вулқонизм табдил ёфтанд.

Аз олами ҳайвоноти давраи Ордовик беш­тар ҳайвонҳои бемӯҳраи баҳрӣ (брахиоподаҳо, трилобитҳо, нарбаданони сарпо, граптолитҳо, сӯзанпӯстон) инкишоф ёфта буданд. Дар охирҳои давра мшанкаю марҷонҳои баҳрӣ ва аввалин ҳайвонҳои хушкигард — каждуму ҳазорпойҳо пайдо шуданд. Флораи Ордовик асосан аз бактерияҳои гуногун, Обсабзҳо ва псилофитҳо иборат буд.

Аз таҳнишасту ҷинсҳои интрузивии давраи Ордовик конҳои нефт, варақсангҳои сӯзанда, фосфорит, маъданҳои оҳан, манган, тилло ва дигар металлҳо ёфт шуданд.

Дар территорияи Тоҷикистон таҳнишастҳои системаи Ордовик бештар дар ноҳияҳои қисми шимолӣ, марказӣ ва ҷануби шарқии республика дучор меоянд, ки дар ин ҷойҳо ҷинсҳои эраи пале­озой фаровонанд.

Қариб дар ҳамаи ин ноҳияҳо таҳнишастҳои системаи Ордовик аз қабатҳои регсакгу варақсангҳои гилӣ ва филлитҳо, ки баъзан қабатҳои тунуки оҳаксангу мармар низ доранд, таркиб ёфтаанд. Ғафсии табақаи таҳвишастҳо ба якчанд сад метр мерасад. Аз боқимондаи ҳайвонҳои баҳрӣ ва таркиби литологии таҳнишастҳо маълум мешавад, ки ҳанӯз дар давраи Ордовик дар территорияи Тоҷикистони имрӯза ҳавзаҳои калони баҳрҳои на чандон чуқур вуҷуд доштанд.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …