Маълумоти охирин
Главная / Биология / Дарахти уд

Дарахти уд

УД, дарахти уд (Аloe arborescens, 1) як навъ растании ҳамешасабзи дарахтмонандест (дар шароити табиӣ) аз ҷинси сабр (оилаи занбақиҳо); гиёҳест, ки онро дар хона барои даво ва зебу зинат мепарваранд. Пояаш рост, сершоху сербарг; то 4 м қад мекашад. Баргаш шамшершакл, сергӯшту сероб (дарозиаш то 20—65 см, бараш 3—6 ом, ғафсиаш 12—15 мм), дандонаҳои тағоякмонанд дорад. Хӯшагулаш дароз (20—40 см), зуғӯташакл; сергул; гулаш 6-баргаи норанҷӣ. Ғӯзааш сертухм, тухмаш сиёҳтоб.

ud-r
Уди худруй аз ҷумлаи набототи хоси Африкаи Ҷанубист. Онро дар баъзе ноҳияҳои тропикӣ (дар замини кушод) мепарваранд.
Дар СССР ба парвариши уд солҳои 40 асри 20 сар карданд. Удро асосан дар совхозҳои растании доруӣ мепарваранд. Аз ҳар га 140—150 д (дар удзори таҷрибавӣ то 200—300 с) барги тозаву тар мегиранд. Удзорро одатан 5 сол истифода мекунанд.
Дар тибби бисёр мамлакатҳо шираи хушки барги уд («сабур»)-ро чун доруи исҳоловар ба кор мебаранд. Дар мамлакати мо низ аз уд якчанд хел дору мегиранд. Барги дар шароити махсус — торикӣ нигоҳ дошташудаи удро қиём мекунанд. Чунин қиёми уд қобилияти муҳофизии организми одамро (ҳангоми касалиҳои вазнин ва дарди чашм) тақвият медиҳад. Бо ширааш абссеос, ҷароҳати фасоддор, газаки меъда, захми узвҳои ҳозима ва ғайраро табобат мекунанд. Онро барои тайёр кардани марҳам низ истифода мебаранд.
Хусусиятҳои давоии уд ба антрагликозидҳо, ферментҳо ва витамин- ҳои таркибаш вобаста аст. Шираи барги уд 1,66% алоэ-эмодин, 0,08% аитрагликозидҳо ва ғайра дорад;
2) ҳаштдаҳон, ағолуҷӣ, ағолуҳӣ, ағолаҷун, ағолуҷун (Аloexulon аgailochum) як навъ дарахтест, ки дар Ҳиндустон ва Арабистон мерӯяд; як порча чӯби сиёҳрангеро гӯянд, ки одатан баробари сӯзонидан дар миҷмар бӯи хуш медиҳад. Бино ба гуфти Дисқуридус (Дноскорид, асри 1 м.) Уд «чӯбест сахту мустаҳкам ва хушбӯй…» Онро чун лодан (як навъ зифтест, ки аз баъзе дарахтони сӯзанбарг мегиранд) ва чӯби сандал дуд мекунанд. Низомӣ гуфтааст:
Яке гуфт: — Ҳиндустон беҳтар аст,
Ки ҳезум ҳама уду гул анбар аст.
Уд сӯхтан анъанае будааст. Масалан, уду шакар сӯхтан расмест, ки барои хушбӯӣ уду шакарро бо ҳам месӯзанд:
Шакаррезиҳои уди афрӯхта
Адӯро чу уду шакар сӯхта.
(Низомӣ)
Аз рӯи маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ навъҳои гуногуни Уд (ҳиндӣ, сиёҳ, равғанӣ, банголӣ ва ғайра) маъмул будааст. Навъи беҳтарини он уди қаморӣ будааст, ки дар вилояти Қамор ё Камор (ҷануби Ҳиндустон) мерустааст.
Давоии уд аз қадим маълум аст. Онро барои ҳама узвҳо муфид медонанд. Масалан, Дисқуридус удро барои дард ва захми рӯда даво ҳисобидааст. Уд дар тибби Шарқ хеле маъмул аст. Абӯалии Сино бо уд заъфи ҷигар, меъда, захми рӯда, хала, инчунин ниқрис (подагра)-ро табобат кардааст. Уд асабро мустаҳкам, қувваи ҳисро зиёд мекунад ва кори дилро тақвият медиҳад. Исҳоли хунин (дизентерия)-ро низ давост;
3) умуман ҳезум ва чӯбро гӯянд. Ҳофиз гуфтааст:
Уд бар оташ неҳу манкал бисӯз,
Ғам махӯр аз касрати сармои дай.
Адабиёт: Вехов В. Н. (ва дигарон), Културные растения СССР, Москва, 1978; Полуденный Л. В. [ва дигарон], Эфирномасличные и лекарстиенные растения, Москва, 1979. М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …