Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧОШНИИ САМАРҚАНДӢ

ЧОШНИИ САМАРҚАНДӢ

ЧОШНИИ САМАРҚАНДӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик. Дар нимаи дуюми а. 16 ва ибт. а. 17 зистааст. Ба қавли Мутрибӣ, ки бо ӯ дӯстӣ доштааст, Чошнии Самарқандӣ ҳанӯз дар ҷавонӣ илми қофияро аз худ карда, бо ғазалиёти тозаю дилпазираш дар байни аҳли адаб шӯҳрат ёфта будааст. Ӯро шоири соҳибдевон гуфтаанд. Аммо девонаш нопайдост. Аз Чошнии Самарқандӣ  ғазали зайл боқист, ки дар ҳошияи «Тазкират-уш-шуаро» -и Муртрибӣ худи шоир сабт шудааст:

Ҷон зи нигоҳат аҷал чун натавонист бурд,

Мансаби худро ба он ғамзаи қотил супурд.

Эй аҷал омода бош, рехта аз наргисаш,

Заҳри итобу ситез дар қадаҳ софӣ дуруд.

Сад шаби ялдо чанди дигар боядам,

Аз пайи субҳи умед ашки кавокиб шумурд.

Ёфт ба мулки дилам то сипаҳи ишқ роҳ,

Дод ба тороҷи ноз қофилаи хобу хўрд.

Ташнагии дарди ҳаҷр баски ҷигарсўз буд,

Хизри биёбони ишқ ташнаҷигар чон супурд.

Дид малак даст бурдбурд, шуд таҳайюр аҷал,

Чошниё, ғамзааш то паи кино по фишурд.

У.Каримов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …