Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧОРМАҒЗИҲО

ЧОРМАҒЗИҲО

ЧОРМАҒЗИҲО, ҷавзиҳо (Jug-landaceae), як оилаи растаниҳои дупалларо гӯянд. Чормағзиҳо асосан дарахтони хазонрезанд. Барги пармонанд доранд; дар шохаву навдаҳо пайдар ҳам, баъзан рӯ ба рӯ ҷой мегиранд. Гули ҷудоҷинса ва хӯшагули «гӯшворак» дорад. Меваи онҳоро «чормагз» мегўянд; мағз дар дохили пардаи тунук ҷой гирифтааст.

chormaghziho

Чормағзиҳо 8 ҷинс ва қариб 70 намуд дошта, асосан дар ноҳияҳои иқлимашон мӯътадил ва субтропикии Нимкураи шимолӣ мерӯянд. Дар СССР 2 ҷинси Чормағзиҳо (Juglans ва Pterooarpa) маълуманд. Дар Тоҷикистон фақат як намуди худрўи Чормағзиҳо (чормагз) мерӯяд ва баъзе Чормағзиҳо (мас., платикария — Platyca-rуа, птерокария — Pterocarya ва пекан — Сагуа, инчунин навъҳои гуногуни чормағз) -ро мепарваранд. Чормағзиҳо (алалхусус чормағз) аҳамияти калон доранд. Мағзи онҳо серравған ва серғизост. Пустлохи шоху навда ва решаи онҳоро барои ош додани пуст ва рангубор истифода мебаранд. Чормағзиҳо чӯби пурқиммат доранд.

Бисёр Чормағзиҳоро барои ҷангалзор кардани нишебиҳои кўҳ ва чун дарахтони сояафкану ороишӣ мепарваранд.         С. Юнусов

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …