Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОЗОРДАРА

БОЗОРДАРА

bozordaraБОЗОРДАРА, димнаи шаҳри қадимии асрҳои 10-12 дар водии д. Оқҷилға, шохоби чапи Мурғоб дар Помири Шарқӣ. Он аз корвонсарой, иқоматгоҳ, қабристон, ҳаммом ва оташкада иборат буд. Корвонсарой аз деворҳои сангини чоркунҷашакл сохта шуда, масоҳаташ 2000 м2 мебошад. Кӯчаи марказии корвонсарой 43 м дарозӣ дошта, 2 даромадгоҳ – шимоли шарқӣ ва шимоли ғарбӣ дошт. Дохили корвонсарой аз ду ҳавлии ба ҳам наздик (бо масоҳати 90 м2), яке барои иқомат ва дигаре барои ҳайвонот иборат буд. Хонаҳои иқомат дар шақли росткунҷа ва чоркунҷа (масоҳат 11,8-20,2 м2) дарун ба дарун сохта шуда, баромадгоҳаш ба кӯчаи марказӣ будааст. Корвонсарой ошхона низ доштааст. Аз ду тарафи кор­вонсарой ду хонача барои ситонидани андоз аз савдогарони хориҷӣ сохта шудаанд. Аз рӯйи маълумоти хаттӣ дар асри 10 аз 1 уштур 2 дирам ва аз 1 тӯп матоъ 1 дирам андоз ситонда мешудааст. Вақти ҳафриёт аз корвонсарой боқимондаи матоъҳои пашмин, пахтагин, абрешимин ва килку коғаз пайдо гардиданд, ки онҳоро тоҷирон барои фурӯш меоварданд. Мавзеи сохтмон (100-130 м2) аз кӯчаи дутарафа иборат буда, дар ҳар ду тарафи он зиёда аз 80-90 хонаи ҳаммонанди ҷамъиятию иқоматӣ сохта шудаанд. Ҳамаи хонахои иқоматӣ аз 3 кисм: ошхона, анбор (хазина) ва ҷой барои ҳайвонот иборатанд. Дар назди хонаҳои иқоматӣ устохона мавҷуд буда, аз дохи­ли он боқимондаи оҳан, ороишоти занона ва пойафзор ёфт намудаанд. Ошхона аз оташдон, анбор ва суффача иборат аст.

Қабристон берун аз иқоматгоҳ ҷойгир буда, дар он чо 448 қабр бо ду тарз мавҷуданд, ки як қисми қабрҳои росткунҷа аз санг сохта шуда, болояш бо тахтасанг ва хок пушонда шудааст. Баландии онҳо 15-30 см-ро ташкил медиҳад. Қисми дигари қабрҳо баробари замин ҳамвор буда, аз ду тараф (сар ва по) ду санг рост монда шудааст. Умқи дохили қабрҳо 40-70 см буда, чор тарафи онҳо бо сангҳои майда девор карда, болояш бо тахтасанг пушонда шудааст. Дар дохили қабр дасту пойи ҷасадро рост намуда, сарашро ба тарафи шимоли шарқӣ тоб медоданд. Ин тарзи гуркунӣ дар Бадахшон аз асри биринҷ маълум аст.

Дуртар аз қабристон дар наздикии рӯд ҳаммом ҷойгир аст. Азбаски мардум оташпараст буданд, дар назди хона­ҳои зист маъбади оташ низ ҷой дошт. Маъбад аз се хонаи дарунбадарун иборат буда, деворҳояш аз санг (60-70 см) ва лой сохта шудаанд. Бозёфти нодиртарини оташкада деги биринҷӣ аст. Аз Бозордара бостоншиносон донаҳои гандум, ҷав, биринҷ нахуд, мош, тарбуз, ҳарбуза (ҳамчунин пӯсташ), каду, аз дарахту буттаҳои мевадор: себ, нок, зардолу, тут, анҷир, чормағзи заминӣ, анбарборису бодомро пайдо намуданд, вале вобаста ба вазъи нисбатан сарди иқлим руёндан ва парвариши ин зироатҳо муаммост. Полеозологҳо дар Бозордара устухони 3723 ҳайвони хонагӣ (буз, гӯсфанд, хушгов, гов, асп, уштур) ва вахшӣ (нахчир, мешак (архар), гуроз, харгӯш, сугур) ва чандин навъи парандаҳоро пайдо намуданд. Аз маҳсули дасти оҳангарон пайкону найзаҳои аз хулаҳои гудохта қолабрези шуда, мехҳои хурду бузург, корд, занҷир, сӯзан, дирафш, хоиск (болға), аз ҳунари дасти заргарон – ангуштарӣ, дастпонаю гушворҳои мисӣ ва дигар навъи филиз; аз ҳунари наҷҷорон сутуну болору дару даричаҳои хонаҳо ёфт шудаанд. Ҳамчунин асбобу анҷоми фаровони рӯзгор – косаю табақ, қошуқ, зину абзори асп, фона ва боли чӯбӣ, сихи ҷуроббофӣ, боқимондаҳои созҳои мусиқӣ (рубоб, тор, мизроб) ва донаҳои аз устухон сохташудаи шатранҷ ба даст омадаанд. Аз матоъҳои пахтагин, пашмин, шохивории рангаву нақшин, инчунин пӯст ва чарм либос медӯхтанд. Пойафзорашон намадӣ ва чармии гулдузишуда буд.

Тобистони соли 1966 экспедитсияи бостоншиносӣ таҳти роҳбарии М. А. Бубнова аз Бозордара зарфи кадугиеро пайдо намуд, ки дар дохили он боқимондаи 67 санади коғазӣ ва килкҳои қамишӣ мавҷуд буданд. Ин бозёфтҳоро ходими Институти шарқшиносии АИ ИҶШС О. Ф. Акимушкин, Д. М. Фляте ва шогирдаш К. Вера таҳқиқ намуданд, ки онҳо дар рӯйи матоъ ва коғази самарқандӣ (аз чӯби дарахти туг) бо хатти форсӣ ва арабӣ бо ранги сиёҳи маҳаллӣ на­вишта шудаанд. Бозёфтҳои маданияти моддӣ гувоҳи онанд, ки Бозордара бо Помири Ғарбӣ, навоҳии Осиёи Марказӣ, Туркистони Шарқӣ, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон робитаи маданӣ ва тиҷоратӣ дошт.

Адабиёт: История Горно-Бадахшанской Автономной области. Т. 1. Душанбе, 2005.                                                                                          М. Бубнова, С. Ғуломшоев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …