Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОЛТАНИЁЗИ НАДИМӢ

БОЛТАНИЁЗИ НАДИМӢ

imagesБОЛТАНИЁЗИ НАДИМӢ ибни Қурбонниёз, хаттоти тоҷик (аввали асри 20). Зодгоҳаш Хоразм. Асарҳои «Аҷоибу-л-қисас» (китобаташ 1904, таҳти рақами 879), «Баёз» (китобаташ 1905, 1908, 1909, таҳти рақамҳои 7054, 7009, 6939), «Девони Шиносӣ» (китобаташ 1907, таҳти рақами 911), «Девони Надимӣ» (китобаташ 908, таҳти рақами 902), «Девони Ҳақирӣ» (китобаш 1908, таҳти рақами 1145), «Девони Табибӣ» (китобаташ солҳои 1909, 1910, таҳти рақамҳои 927, 257), «Вомиқ ва Азро» (китобаташ 1910, таҳти рақами 2057)-ро хаттотӣ карда­аст. Ин асарҳо дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунии АИ Ӯзбекистон маҳфузанд.

С. Султонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …