Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИИ ДАРЗӢ

БОҚИИ ДАРЗӢ

imagesБОҚИИ ДАРЗӢ  Устод Боқии Дарзии Бухороӣ, навозанда, сароянда, мусиқидон ва шоири тоҷики охири асри 16 – нимаи аввали асри 17. Пешааш косибӣ буда, тахаллуси «Дарзӣ» низ ва ҳамин ҷост. Маълумоти ибтидоии мусиқиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас маҳорати созандагию навозандагиро дар шаҳрҳои Самарқанду Ҳирот назди Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ, Устод Амир Алиакбари Қонунӣ ва Бобои Қонунӣ сайқалу такмил додааст. Дар ҳунари сознавозӣ (барбату қонун, танбӯр) сабки хоссе дошта, дар Бухорову Самарқанд ва Ҳироту Балх машҳур будааст. Барои ин созҳо дар шаклу анвои мусиқии «пешрав», «кор», «амал», «савт», «қавл», «қавли мустахалл» асарҳо эҷод намудааст. Бахусус асарҳои ӯ «Кор», «Кор ба усул», «Пешрав», «Савт», «Қавл», «Кори наво», «Амали рост», «Пешрави Дарзӣ», «Қавли Гуландом» ва ғайра дар назди ахли ҳунар шуҳрат доштаанд. Боқии Дарзӣ барои дастаи мутрибони Нақорахонаи Бухоро як силсила асарҳои созию овозӣ дар вазни мақомҳои «Ушшоқ», «Рост», «Исфаҳон», «Ҳиҷоз» тасниф намудааст. «Пешра­ви меҳтариён», «Пешрави нақора» дар барномаҳои ҳунарӣ мавриди истифода будаанд. Боқии Дарзӣ анъати китобат (хаттотӣ) ва ороиши китобро низ хуб медонист. Дар шарҳи мушкилоти «Юсуфу Зулайхо»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ рисола навишта, оид ба қавоиди қофия, санъатҳои бадеии тарсеъ, таҷнис, ташбеҳ, саҷъи мутавозӣ, мутарраф, мутавозана, иҳом, миръотунназир ва ғайра баҳс оростааст. Боқии Дарзӣ табъи шоирӣ дошта, ғазалу рубоиҳои некӯ гуфтааст. Ин абёт аз ӯст:

Аз шуълаҳои сӯзи дили нотавони ман,

Гуё забона аст забон дар даҳони ман.

Гаштам нишони тири вафояш, вале нашуд

Хотирнишони он бути абрукамони ман.

Ёбӣ тамоми сурати пайкони хешро,

Гар бишканӣ ба санги ситам устухони ман.

Ҳар шаб ҷудо зи рӯи ту, эй моҳ, бигзарад

Аз нуҳ сипеҳр нолаву оҳу фиғони ман.

Боқӣ, агарчи аз ғами ишқи ту ҷон набурд,

Бодо бақои умри ту ороми ҷони ман.

Боқии Дарзӣ дар охири умр ба зодгоҳаш омада, шогирдони бисёре тарбия намудааст.

Адабиёт: Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 1. Душанбе 1988; Дарвешалии Ҷангӣ. Р: 449, ИШАИ Ӯзбекистон.

А. Раҷабов, У. Каримов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …