Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИЕВА Суфро

БОҚИЕВА Суфро

imagesБОҚИЕВА Суфро (15.12.1926, деҳаи Шаҳраки ноҳияи Исфара – 3.6.2009, ҳамон ҷо), говдӯш, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966), Устоди чорводории Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1967). Солҳои 1941-54 колхозчӣ, 1954—58 сардори бригадаи пилапарварӣ, 1958-84 говдӯш, 1984-90 сардори звенои фермаи чорводории колхози ба номи Ленин ноҳияи Исфара буд. Соли 1966 аз ҳар сар модагов 3,5 ҳазор литр шир душидааст. Депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои 6-8). Бо орденҳои Ленин, Револютсияи Октябр, медалҳо ва гра­мотаҳои фахрии Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сарфа­роз гардидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …