Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИЕВ Худойназар Ғоибович

БОҚИЕВ Худойназар Ғоибович

imagesБОҚИЕВ Худойназар Ғоибович (8.3.1951, деҳаи Хонақоҳи Кӯҳии ноҳияи Ҳисор-29.5.2012, ноҳияи Рӯдакӣ), варзишгари тоҷик, гӯштингир, Устоди варзиши Тоҷикистон (1975), Устоди варзиши ИҶШС (1976), Мураббии хидматнишондодаи варзиши Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1988), Аълочии ма­орифи Тоҷикистон (1999), Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон (2002). Хатмкардаи Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе (1970). Солҳои 1970-75 муаллими тарбияи ҷисмонии Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 49-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ), 1975-80 мураббии Ҷамъияти ихтиёрии варзишии «Ҳосилот», 1980-85 сармураббии Мактаби варзи­шии кӯдакону наврасони № 1 (ҳозира Мактаби махсуси варзишӣ оид ба дзюдо)-и ноҳияи Рӯдакӣ буд. Аз соли 2010 директори ҳамин мактаб. Боқиев дар мусобиқаҳои варзи­шии сершумори Тоҷикистон ва ИҶШС иштирок намуда, борҳо ғолиб ва сазовори медалу ҷоизаҳо гаштааст. Чем­пиони 49-каратаи Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо ва самбо. Боқиев дар тарбияи гӯштингирони ҷавони тоҷик саҳми калон дорад. Гӯштингирони номии ҷумҳурӣ Расул, Рус­там ва Алишер Боқиев шогирдон ва фарзандони ӯянд. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1979), Ифтахорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996), медали «Хидмати шоиста» сарфароз гар­дидааст.  

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …