Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОҶУ ХИРОҶ

БОҶУ ХИРОҶ

bochu-hiroch«БОҶУ ХИРОҶ», нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 26 декабри 1998 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳафтае як бор дар ҳаҷми 16 саҳифа нашр мешавад. То декабри 2002 «Паёми андоз» ном дошт. Аз январи 2003  «Боҷу хироҷ» ном гирифт. Дар саҳифаҳои «Боҷу хироҷ» роҷеъ ба фарҳангу иқтисоди андоз ва соҳибкорӣ, бонк ва фаъолияти бонкӣ, иқтисодиёту ҳуқуқ, ҳуқуқҳои андозгирону андозсупорандагон, тағйирот дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ойинномаҳои соҳибкорӣ, инчунин одобу аҳлоқ ва фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ва ғайра мавод ба табъ мерасанд. Дар «Боҷу хироҷ» амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андоз низ дарҷ мегарданд. Адади нашраш 6 ҳазор нусха (2013).

Ш. Тошева.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …