Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Баҳри Саргас

Баҳри Саргас

sargas

САРГАС (баҳри Саргас), як қисми уқёнуси Атлантикро гӯянд, ки дар арзҳои субтропикӣ байни ҷараёнҳои Канар, Пассати Шимолӣ ва Голфстрим (байни 23—35* а-. ш. ва 30—68* т. ғ.) воқеъ гаштааст. Масоҳаташ 6—7 миллион километр2 (сарҳадаш бинобар тағйироти мавсимии ҷараёни об номуайян аст). Дар Саргас шамол ва ҷараёни об сусту ноустувор аст. Ҳарорати об зимистон 18— 23Селсия, тобистон 26—28°Селсия. Шӯриаш 36,5—37,0%о. Дар рӯи оби Саргас тӯдаҳои зиёди обсабзҳои саргас шино мекунанд, ки онҳо боиси чунин ном гирифтани баҳр гардиданд. Дар баҳри Саргас ҷазираҳои Бермуд ҷой гирифтаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …