Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЗИРОА Абузаръа

АБУЗИРОА Абузаръа

АБУЗИРОА Абузаръа, Муаммарии Гургонӣ (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), шоири форс-тоҷик (охири асри 10). Мувофиқи маълумоти Муҳаммад Ав- фӣ дар «Лубоб-ул-албоб» Абузироа дар охирҳои салтанати Сомониён ба доираҳои адабии Бухоро роҳ ёфта, дар васфи ҳокимони сомонӣ қасидаҳои мадҳӣ навиштааст. Аз ашъори Абузироа то замони мо ҳамагӣ 11 байт боқӣ мондаанд. Дар ашъори ӯ оҳангҳои рӯҳафтодагӣ ва ноумедӣ ҳис карда мешавад. Зоҳиран, носозиҳои рӯзгор ин шоирро хеле рӯхафтода карда будаанд:

Чӣ пӯшӣ ҷавшани ғафлат, ки рӯзе

 Ту бошӣ тири меҳнатро нишона.

Амал бо умрат андар неҳ ба меъёр,

Нигоҳ кун, то куҷо гардад замона.

* | *

Ҷаҳоншинохта гаштам ба рӯзгори дароз,

 Ниёзу ноз бидидам дар ин нишебу фароз,

 Надидам аз паси дин ҳеҷ беҳтар аз ҳастӣ,

 Чунонки нест пас аз кофири батар зи ниёз.

Адабиёт! Муҳаммад Авфӣ, Лубоб-ул-албоб,  Тошкент„ 1333 ҳичрии шамсӣ; Забеҳуллоҳи Сафо, Таърихи Адабиёт дар Эрон, ҷилди 1, Tошкент, 1332 ҳиҷрии шамсӣ.  У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …