Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛЯНБАҒӢ Аббос ибни Тархон

АБУЛЯНБАҒӢ Аббос ибни Тархон

АБУЛЯНБАҒӢ Аббос ибни Тархон (соли таваллуд  номаълум – вафот 844), шо­ири форс-тоҷик. Мувофиқи маълумо­ти сарчашмаҳо, Абулянбағӣ аз ҷумлаи аввалин шоиронест, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ шеър гуфтааст. Ӯ надими Барма- киён (хонадони қадими тоҷикон дар Балх) буда, бо забони арабӣ низ шеър эҷод мекардааст. Муаллифи китоби «ал-Масолик ва-л-мамолик» ибни Хурдодбеҳ, ки худ аз сайёҳони эронинажоди араб буд, аз ашъори форсӣ- тоҷикии Абулянбағӣ чор мисраи зеринро:

Самарқанди кандманд

 Ба-д-инат кӣ афканд.

Аз Чоч та беҳӣ,

Хамеша та хуҳӣ.

(Самарканди ободон,

Кӣ туро ба ин ҳол афканд?

Аз Чоч (Тошканд) ту беҳтарӣ,

Ҳамеша ту хубӣ)

овардааст, ки он қадимтарин шеъри тоҷикӣ буда, ба вазни ҳиҷоӣ суруда шудааст. Аз ашъори Абулянбағӣ ба ҷуз ҳамин чор мисраъ чизи дигаре дастрас на­гардидааст.

Адабиёт: Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталииобод, 1958.            У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …