Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛФАЗЛИ МИКОЛӢ

АБУЛФАЗЛИ МИКОЛӢ

АБУЛФАЗЛИ МИКОЛӢ Убайдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Алӣ (соли таваллуд но­маълум – вафот 28.4.1045), донишманд, адиб ва шоири араб, яке аз намоянда- гонн Оли Микол (хонадони маъруфи тоҷик, ки дар асрҳои 9-11 мақом ва нуфуз доштанд). Дар Нишопуру Бу­хоро ва Макка аз донишандони бузурги давраш илми ҳадис омӯхт ва чун муҳаддиси тавоно ба камол ра­сид. Махфили дарси ҳадис таъсис дод, ки то охири умраш барпо буд.

Дар сарчашмаҳои адабиву таърихи (осори Саолибӣ, Утбӣ, Бохарзӣ ва дигар) Абулфазли Миколӣ чун суханвари тавоно дар насру назм ситоиш шудаасг. Ба девон доштанаш ишора шудааст, вале он то замони мо нарасидааст. Маҷмӯи ашъори аз сарчашмаҳо чамъ овардашудаи Абулфазли Миколӣ (дар шаҳри Лейпсиги Герма­ния соли 1908 ба табъ расидааст) дар аксари навъҳои шеър даст доштани ӯро тасдиқ мекунанд.

Мавзӯи ашъораш ишқ, тавсифи табиат (гулҳои райҳон, лола, наргис, бунафша, дамидани субҳ, барфи рӯи барги дарахтон, шароб, асп ва ғайра), ихвониёт, марсияҳо, панду ҳикмат ва ирфон (динӣ) мебошад. Бештар аз санъатҳои бадеии ташбеҳу истиора истифода кардааст.

Ба қалами Абулфазли Миколӣ  инчунин асарҳои мансури «Махзан-ул-балоға» (маҷмӯаи номаҳову руқаот ба баъзе ашхос ва посухи онҳо), «Фазоил-ул-мулук» (асари таърихӣ), «Шарҳу ҳамосат Абутаммом» (шарҳи ашъори Абутам­мом), «Шарҳи девони Мутанаббӣ», «Китоб-ул-мунтаҳил» (мунтахабе аз назму насри араб аз давраи ҷоҳилия то асри 10; нусхаҳояш дар Туркия ва Ан­глия мавҷуданд) тааллуқ доранд.

Адабиёт: Донишномаи Сомониён, ҷилди 1, Xуҷанд, 2009. Н. Зоҳидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …