Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛФАЙЗХОН

АБУЛФАЙЗХОН

АБУЛФАЙЗХОН (1695- 1747), хони Бухоро, аз сулолаи Аштархониён, писари Субҳонқулихон. Дар даври Абулфайзхон низоъҳои байни хешутаборӣ мамлакатро ба таназзули амиқи сиёсиву иқтисодӣ оварда расонд. Дар натиҷаи юриши қӯшунҳои Нодиршоҳ ба Мовароуннаҳр (1747) Абулфайзхон аз тахт сарнагун шуд ва қатл гардид. Дар бо­раи Абулфайзхон Фитрат номи аслиаш (Абдурауф Абдурраҳим, нависандаи ӯзбек, 1886 – 1937) «Абулфайзхон» ном дра­ма (1924) навиштааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …