Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОСИ НАЙРЕЗӢ

АБУЛАББОСИ НАЙРЕЗӢ

АБУЛАББОСИ НАЙРЕЗӢ Абулаббос Фазл ибни Хатим (соли таваллуд но­маълум – вафот тақрибан 922, Найрези Шероз), ҳайатшинос ва риёзидони араб. Дар Бағдод, дар дарбори халифаи аббосӣ Мӯътазид (ҳукмронии 822 – 903) кор ва эҷод кардааст. Соҳиби таълифоти бисёрест, амсоли «Зиҷ-ул-кабир», «Самт-ул-кибла», «Китоби тафсир», «Китоб-ул-арбааи Батлимус» ва ғайра. Китоби «Эхдос-ул-ҷав»-ро ба номи халифа Муътазид таълиф кардааст.

Ибни Надим дар «Ал-Фехрист» менависад: «Найрезӣ дар илми нуҷум ва ҳайат ангуштнамо буд». Берунӣ дар «Қонуни Масъудӣ» ва «Осор-ул- боқия» ба асарҳои илмии ӯ баҳои ба­ланд додааст. Абулаббоси Найрезӣ доир ба устурлоб ва ҳаракати сайёраҳо рисола таъ­лиф намуда, ба «Ибтидо»-и Уклидус (Евклид) ва асарҳои Батлимус (Пто­лемей) шарҳ навиштааст, ки онро Герардои Кремонӣ (1114 – 87) ба лотинӣ тарҷума кардааст. Як нусхаи ин тарҷума дар китобхонан Лейпсиг маҳфуз аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …