Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБРАЗИЯ

АБРАЗИЯ

АБРАЗИЯ, (лотинӣ abrazio – тароши­дан), аз бархӯрдани (латмазании) мавҷҳои об вайрон шудани соҳилҳои укёнус, баҳр, кӯл ва обанборҳои калон. Омилҳои асосии бавуҷудоии Абразия нишебии сатҳи соҳил, таркиби геологии он, дараҷаи қувваи мавҷ мебошанд.

abraziya

Абразия дар сатҳи аз об баланди соҳилҳо суфа ва зинаҳои ба ном абразиявӣ ва поёнтар суфаҳои аккумулятивӣ (тӯдаи шағал, peг ва ғайра) ба вуҷуд меоварад. Абр бештар дар обанборҳои нав ё ҷойҳои баландшавии сатҳи об ба мушоҳида мерасад ва зери бинову иншооти наздисоҳилиро хароб кар­да, ҳисороти иқтисодӣ ва экологӣ ме­расонад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …