Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдураҳимов Салом

Абдураҳимов Салом

Абдураҳимов Салом (7.6.1937, Ӯротеппа – 7. 8. 2006, Душанбе), забоншинос, номзади илмҳои филоло­гия (1968), дотсент (1990). Хатмкардаи УДТ (1958). Корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1958 – 1590), дотсенти кафедраи хат ва матни форсии тоҷикии ДМТ (1990 – 2004).

Муаллифи зиёда аз 60 асару мақолаҳои илмӣ. Абдураҳимов яке аз муаллифони «Грамматикаи забони адабии тоҷик» (Синтаксис, ҷ. 2, китоби дарсӣ барои факултетҳои филологии мактабҳои олӣ, Д., 1984) мебошад. Дар навишта китоби сеҷилдаи «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» ши­рок кардааст.

9 боби он ба қалами тааллуқ дорад. Бо Грамотаи Фахрии Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Доранҷаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

Ос.: Ибораҳои исмии забони адабии ҳозираи тоҷик, Д., 1973; Ибораҳои ҷонишиниӣ Д., 1979.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …