Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулқодири Корӣ

Абдулқодири Корӣ

Абдулқодири Корӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттот ва хушнависи тоҷик (нимаи дуюми асри 19 – ибтидои асри 20). Дар маҳаллаи Хишткӯпруки Хуҷанд ба дунё омадааст. Аз оилаи коргар. Дар мадрасаи Муҳаммадалихони Қӯқанд таҳсил намуда, илмҳои замонаашро ба хубӣ аз худ намудааст.

Аз улфатон ва дӯстони наздики шоир Муқимӣ буд. Гулчини рубоиёти бо қалами ҷалӣ (ғавс) китобаткардаи Абдулқодири Корӣ соли 1912 дар Тошканд ба чопи сангӣ расидааст. Баъзе аз намунаҳои осори китобатнамудааш дар Музейи адабиёти Қӯқанд ва дар дасти шахсони алоҳида маҳфузанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …