Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЯКПАЛЛАГИҲО

ЯКПАЛЛАГИҲО

yakpalagiho

ЯКПАЛЛАГИҲО, растаниҳои якпаллa (Monocotyledoneae, Mono-cot yledones ё Liliatae), як синфн растаниҳои пушидатухмро гуянд, ки ҷанинашон як тухмпалла дорад. Я. камбий надоранд (аз ин ру решаву поя ғафс намешавад) ва бо ҳамин хусусият аз дупаллагиҳо фарқ мекунанд. Фақат баъзе намудҳои Я., ки дар қисми берунии -узвҳояшон камбий ҳаст, ғафс мешаванд. Я. аксаран гиёҳанд (ба ҷуз аждардарахт — Dracaena draco ва чанд навъи дигар). Я. беш аз 65 ҳаз. намуд (65— 70 оила)-ро дар бар мегиранд. 15— 20% растаниҳои дараҷаи олӣ Я. мебошанд. Дар СССР зиёда аз 2600 намуд, аз он ҷумла дар Тоҷикистон 768 намуд (аз 153 ҷинс ва 17 оила)-и растаниҳои якпалла месабзад. Бисьёр Я. (гандум, ҷуворимакка, шолӣ, ҷав, ҷавдор, ҷуворӣ, арзан, сулӣ, найшакар ва ғ.) растаниҳои ғизоиянд. Баъзеи он ҳо (ҷорубак — Ров, ковил — Stia, сулигиёҳ — Festuca, арзанак —Phleum ва ғ.) хуроки чорвоанд. Меваи навъҳои гуногуни нахл (норҷил, тамр, ҷавз ва ғ.) хурданбоб буда, аз онҳо қанд, май, равған, шир, масолеҳи техникию бинокорӣ ва нах мегиранд. Баъзе растаниҳои ороишӣ (лола, занбақ, ҳолмон, сич ва ғ.)., сабзавот (пиёз, cap ва ғ.), растаниҳои доруӣ, сервитамин ва сернах ҳам аз ҷумлаи Я. мебошанд. Я.-ро одамон фаровон истеъмол мекунанд.


Ад.: Флора Таджикской ССР. т. 1, 2, М —Л., 1957; 1963; Тахтаджян А. Л., Система филогения цветковых растений, Й,—Л., 1966; Цвелев Н. И., Злаки СССР, Л., 1976.

С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …